Фармондеҳи артиши Русия гуфтааст, тибқи дастури Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар, барои кам кардани ҳузури низомии ин кишвар дар Сурия, хурӯҷи бахше аз воҳидҳои артиши Русия аз он кишвар оғоз шудааст.
Қарор аст, ки дар аввалин марҳала киштии ҳавопаймобари Русия “Адмирал Кузнетсов”, аз Сурия хориҷ шавад. Ин киштии ҳавопаймобар моҳи октябри соли гузашта, барои ҳимоят аз амалиёти низомӣ алайҳи мухолифони Башор Асад ба баҳри Миёназамин бурда шуда буд.
Валерий Герасимов, фармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Русия гуфтааст: «бо фармони Владимир Путин, вазорати дифоъи Русия амалиёти низомии воҳидҳои ин кишварро дар Сурия коҳиш медиҳад.»
Ин хабар дар ҳоле эълом шуда, ки шӯрои амният, бо иттифоқи оро, қатъномаи пешниҳодии Русия ва Туркияро барои барқарории оташбас дар Сурия тасвиб кард.