Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Нишасти солонаи “Гурӯҳи 24” дар Олмон баргузор шуд

$
0
0

“Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”, аз гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ҷаласаи солонаи ҷамъбастии хешро дар кишвари Олмон баргузор намуданд.

Бар асоси гузориши сайти “Гурӯҳи 24”, рӯзи 1-уми январи соли 2017, дар шаҳри Кёлни Олмон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолон ва тарафдорони ҳаракатҳои сиёсии “Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” баргузор шуда, масъулин аз фаъолиятҳои худ дар соли сипарӣ шуда гузориш доданд.

Сӯҳроб Зафар, роҳбари ин гурӯҳ аз тариқи интернет дар ин ҷаласа суханронӣ намуда, гуфт, ки фаъолияти ин гурӯҳ дар соли гузашта пурсамар будааст.

“Гурӯҳи 24” яке аз гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон буда, дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунад.

Умаралӣ Қувватов, муассис ва роҳбари ин гурӯҳ, шаби  5-уми марти соли 2015 дар минтақаи Фотеҳи шаҳри Истанбул дар Туркия мавриди ҳамла қарор гирифт ва дар натиҷа кушта шуд. Масъулини ин гурӯҳ ва хонаводаи Умаралӣ Қувватов мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон дар ин сӯиқасд даст дорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>