Нерӯҳои амниятии подшоҳии Саъудӣ ду террористи таҳти таъқибро дар шимоли Риёз дастгир ва ду нафари дигарро куштанд. Яке аз террористҳо донишҷӯи собиқи риштаи муҳандисӣ будааст.
Сухангӯи вазорати кишвари подшоҳии Саъудӣ эълом кард, Толеъ ал -Саъирӣ, ки ба далели таҳияи камарбандҳои инфиҷорӣ, аз хатарноктарин террористҳои таҳти таъқиб буд, аз донишҷуёне будааст, ки бо бурсияи давлатӣ барои таҳсил ба хориҷ аз кишвар дар риштаи муҳандисӣ рафта буд, лекин ба сабаби нокомӣ дар таҳсил, равонаи ҷанг дар Сурия шуд.
Вазири корҳои дохилаи Арабистони Саъудӣ Мансур ал-Туркӣ дар конфронси хабарӣ имрӯз, шанбе гуфт: “пас аз амалиёте, ки мунҷар ба кушта шудани ду тан аз террористҳо дар минтақаи Ёсамин дар шимол Риёз шуд, нирӯҳои амниятӣ тасмим гирифтанд кулли минтақаро муҳосира карда, ба сокинон минтақа ҳушдор диҳанд, ки ба раҳнамудҳои амниятӣ амал кунанд.
Ал-Туркӣ афзуд: “дар назари мо терроризм терроризм аст, муҳим нест, ки дар пасзаминаи он ДОИШ ё ҳар созмони дигаре бошад. ДОИШ танҳо як чеҳра аз терроризм аст, ки қасд дорад ислом ва мусалмононро дар ҷаҳон бадном кунад.”
Вазири корҳои дохила гуфт: Толеъ ал- Саъирӣ ва Талол Самарон ал-Соъдӣ ба шиддат ба сӯи нерӯҳои амниятӣ оташ кушоданд, то шояд битавонанд аз даст ин нерӯҳо бигурезанд. Онҳо ҳангоми дастгиршавӣ ду силоҳи маргбор, як бомби дастсоз ва мавод дигаре, ки гумон меравад барои сохти бомб ба кор меравад, дар ихтиёр доштанд. Ҳамчунин ду халтачаи пур аз маводе, ки гумон меравад химиёвӣ бошад ва барои сохти мавод тарканда, аз ҷумла камарбандҳои инфиҷорӣ ва бомби дастсоз, маврид истифода қарор мегирад, кашф шуд.
Бар асоси иттилооте, ки дар ихтиёри нирӯҳои амниятӣ қарор гирифтааст, муттаҳамони фирории хатарнок дар яке аз манозили минтақаи Ёсамин дар шимол Риёз паноҳ гирифта, миқдори аслиҳа ва камарбандҳои инфиҷорӣ дар ихтиёр доштаанд. Аз субҳи рӯзи шанбе минтақа дар муҳосираи нерӯҳои амниятӣ қарор гирифтааст. Пас аз он, ки нерӯҳои амниятӣ аз муттаҳамон хостаанд худро таслим кунанд, онҳо ба самти нерӯҳо оташ кушодаанд ва як нафарро маҷрӯҷ кардаанд. Дар муқобил, нерӯҳои амниятӣ тавонистаанд илова бар дастгир кардани ду нафар, ду террорист дигарро бикушанд.
Сарлашкар Басом Ъатия дар ин бора гуфтааст: Тилол ал-Соъдӣ пеш аз ин ду бор ба сабаби ширкат дар ҷанг дастгир шуда буд.
Вазорати кишвари Саъудӣ гуфтааст, ки террорист Собиъ ибни Солим ибни Ислом ал-Сирӣ, ки дар ин амалиёт кушта шудааст, коршиноси сохт камарбандҳои инфиҷорӣ буд. Ӯ ҳамчунин омилони интиҳориро барои анҷоми амалиёти интиҳорӣ омӯзиш дода, омода мекард. Аз ҷумла амалиёт террористие, ки Ал-Сирӣ дар он нақш дошт, ҳадаф қарор додани масҷиди Набавӣ будааст.