Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ду тоҷири гумшудаи тоҷикро паррондаанд

$
0
0

Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия, ду тоҷири тоҷик, ки қабл аз оғози соли нав бедарак шуда буданд, парронда шудаанд.

Ин ду тоҷир рӯзи 30-юми декабр байни шаҳри Чита ва ноҳияи Красночикойск нопадид шуда буданд. Онҳо барои хариди бор бо пули нақд аз Чита хориҷ шуда буданд, ки дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Красночикойск аз тарафи афроди ҷиноятпеша қатл ва ғорат шудаанд.

Қаблан пулиси минтақаи Забайкал иттилоъ дода буд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон Тошпулод Тошпулодови 56-сола ва Бурҳон Гадоеви 31-сола 30-юми декабр дар роҳ аз Чита ба ноҳияи Красночикойск бедарак шудаанд: “Онҳо бо мошини “Mitsubishi Canter”-и сафед, рақами давлатияш Е946НХ75 аз анбори тиҷории кӯчаи Лаза берун шуда, бо худ маблағи нақд ва ҳуҷҷатҳо доштаанд”.

Ин ниҳод гуфта буд, камераҳои назоратии роҳ  шоми 30-юми декабр ин мошинро дар роҳи Чита-Иркутск сабт намудааст. Тибқи маълумоте, ки пулис аз камераҳои назоратӣ дар роҳ пайдо карда буд, Тошпӯлод ва Бӯрҳон дар деҳаи Улёт номадид шуда буданд.

Кумитаи тафтишотии Русяи иттило додааст, ки ҷинояткорон, ки ду марди сокини ҳамин деҳа, яке 32 ва дигаре 35 сола будаанд, дастгир шуда, алайҳашон парванда оғоз шудааст. Яке аз ин боздоштшудагон, тибқи иттилои ҳамин ниҳод қаблан барои куштор 12 соли умрашро дар зиндон сипарӣ карда, ҳамагӣ як моҳ қабл аз зиндон озод шудааст.

Қотилон тоҷирони тоҷикро бо фиреб оиди ҳамкорӣ даъват намуда, сипас онҳоро тавассути силоҳи шикорӣ парондаанд ва пулҳояшонро рабудаанд. Кумитаи тафтишотӣ гуфтааст, қотилон ҷои куштор, мошин ва ҷасади тоҷиронро ба ин ниҳод ошкор кардаанд.

Дар назар аст, баъди таҳқиқоти тиббиву судӣ, ҷасади онҳо ба Тоҷикистон интиқол шавад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>