Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти хабариаш, ки имрӯз баргузор шуд, гуфт Тоҷикистон бо Толибон вориди гуфтугӯ нахоҳад шуд ва дигар муносиботаш бо Эронро тира нахоҳад кард.
Ҷаноби Холиқназар гуфт Русияву Чин барои муҷобила бо гурӯҳи Давлати Исломӣ, ки дар минтақа фаъол шудааст ва таъмини амнияти кишварҳои минтақа, бо Толибон вориди гуфтугӯ шудааст. Аммо Тоҷикистон, ба гуфтаи стратеги рақами аввали кишвар, танҳ ҳукумати Афғонистонро ба расмият мешиносад ва ба ҳеҷ ваҷҳ бо Толибон вориди гуфтугӯ нахоҳад шуд.
Раиси МТС гуфт, мубориза бо ДИ яке аз ҳадафҳои меҳварии Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ аст ва ин масъала байни кишварҳои узви ин созмонҳо матраҳ аст. Вориди гуфтугӯ бо Толибон шудани Чину Русияро низ, Худойбердӣ Холиқназар ҷузъе аз ин ҳадафи созмонҳои мазкур донист.
Дар масъалаи муносиботи Тоҷикистону Эрон, Холиқназар гуфт, ки тирагии муносиботи ин ду кишвар бо айби ҷониби Эрон ба вуҷуд омада буд, ки инак бартараф шудааст. Ба гуфтаи ӯ даъвати раиси ҲНИТ муҳиддин Кабирӣ ба конфронс дар Теҳрон баъдӣ террористӣ эълон шудани ин ҳизб, боиси тирагии муносиботи ду кишвар шудааст.
Раҳбари МТС итминон дод, ки муносиботи ду кишвар ба вазъи қабл аз тирагӣ баргаштаанд ва дигар тира нахоҳанд шуд.
Муносиботи Тоҷикистону Эрон охири соли 2015 баъди даъвати Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар конфронси «Ваҳдати исломӣ» дар Теҳрон сард шуда буд ва Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон 29 декабр бо нишони эътироз аз иштироки Муҳиддин Кабирӣ ба сафири Эрон дар Тоҷикистон “нота”-и эътирозӣ супорид.
Баъдан Тоҷикистон воридоти чанд намуд колои эрониро ба кишвар манъ кард.