Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар робита бо изҳороти ахири сафири Афғонистон дар Русия эҳзор шудааст. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳам бо ирсоли як нома ба ҳукумати Афғонистон, аз мақомоти ин кишвар хостааст ин изҳоротро баррасӣ ва иҷдомоти ҷиддӣ кунад.
Қайюм Кӯчай, сафири Афғонистон дар Русия, ки амаки раисҷумҳури ин кишвар Ашраф Ғанӣ ҳам будааст, дар як гуфтугӯи телевизионӣ, Тоҷикистонро як кишвари беҳуввият ва роҳбарони онро муттаҳам ба қочоқи маводи мухаддир карда буд.
“Дар Афғонистон маводи мухаддир кишт мешавад, — гуфтааст сафири навтаъни Афғонистон дар Русия, ки ҳанӯз ба кораш оғоз накардааст. — вале пушти сари мафиёи Тоҷикистон. Мо аз манобеъи мухталиф хабар дорем”.
Ӯ Тоҷикистонро кишваре кӯчаке хондааст, ки ҳуввият надорад: “Тоҷикистон як кишвари кӯчак аст. 5 миллиюн нуфус надорад. Дар 5 миллиюн 1 миллиюнаш рус аст. Фарҳангашон фарҳанги русист, забони расмиашон ҳам забони русист. Забони худа ҳақ надоранд, ки бинависанд. Ҳатто алифбои арабиву дариро тағйид доданд.”
Қайюм Кӯчай гуфтааст бо вуҷуди ин мафиёи Тоҷикистон қавӣ аст. “Мафиё дар онҷо бисёр фаъол аст” — гуфтааст ӯ.
Вазорати хориҷаи Афғонистон ва ҳукумати он ҳанӯз ҳеҷ назаре дар ин маврид ироа накардаанд.