Вакили дифоъи маъруф Бузургмеҳр Ёров сар аз субҳи дирӯз даст ба гуруснанишинии серӯза задааст.
Тибқи иттилои як манбаъ, ки акси қисмате аз номаи Бузургмеҳрро ҳам ба мо фиристодааст, Бузургмеҳр менависад, ки барои гуруснанишинии 72 соата сар аз субҳи 9 январ дархост навиштааст.
Сабаби ин иқдоми ӯ дар ҳамон қисмати нома, ки аксаш ба мо расидааст, дарҷ нашудааст. Шояд мехоҳад алайҳи ҳукми наве, ки барояш содир намуда, мӯҳлати боздошташро аз 23 ба 26 сол боло бурдаанд, эътироз кунад.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси парвандаи нав, Бузургмеҳр Ёровро ба таҳқири намояндагони давлат, яъне додрасу додситон айбдор намуда буданд. Далели мақомот ба таҳқири Бузургмеҳр қироати ин шеъри Ибни Сино:
Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд,
Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ,
Ҳар к-ӯ на хар аст,кофираш мехонанд
ва қироати ояи 179-и сураи Аъроф — “онҳо мисли чаҳорпоёнанд, балки залилтар аз он”, будааст.
Тибқи як иттилои дигаре,ки дастраси расонаҳо шуда буд, алайҳи Бузургмеҳр Ёров парвандаи севвум бо иттиҳоми қаллобӣ ва гаравгонгирӣ боз шуда буд. аммо то ҳол аз рафти он парванда маълумоте дастрас нашудааст.