Тибқи иттилои Саида Умарзода, ҷонишини вазири тандурустии Тоҷикистон, дар натиҷаи ташхиси навхонадорон, ки аз соли гузашта ҳатмӣ шудааст, байни хонадоршавандагон 160 ҳолати бемории гепатит В, 30 ҳолати гепатит С ва 9 ҳолати СПИД ошкор шудааст.
Ҳамин манба иттило дод, ки давоми як соли гузашта ҳудуди 32000 нафар аз ташхис гузаштаанд. Ва байни ин 32000 ҷавонон 9 ҳолати гирифторӣ ба бемории маргбори СПИД ошкор шудааст, ки қаблан бемориашон маълум набудааст.
Айни ҳол шумори мубталоёни ин бемори дар Тоҷикистон 75 нафар аз 100000-ро ташкил медиҳад ва дар умум ҳоло тибқи иттилои расмӣ дар кишвар беш аз 6500 нафар гирифторони СПИД зиндагӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки дар натиҷаи ташхиси 32000 навонадорон, ки аксаран худро солим мепиндоранд, 9 ҳолати нави гирифторӣ ба ин беморӣ кашф шудааст, ба назар мерасад шумори онҳо на камтар аз 100 нафар ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ аст. Яъне як нафар аз 1000.
Тибқи хулосаи таҳқиқоти Созмони милали муттаҳид, яке аз минтақаҳое, ки дар афзоиши беморони СПИД пешқадам аст, Осиёи Марказӣ мебошад. Дар ин минтақа, тибқи ҳамин гузориш, шумори гирифторони нави бемории СПИД солона 57 дарсад меафзояд.
Тибқи иттилои расмӣ, то замоне, ки ташхиси навхонадорон ҳатмӣ шуд, гирифторони ин беморӣ танҳо замоне маълум мешуданд, ки худашон ихтиёран аз ташхис мегузаштанд. Бинобар ин шумори гирифторони ин беморӣ чӣ қадар аст, касе то ҳол намедонад.
Раҳбари Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо СПИД Сайфуддин Каримов тахмин мезанад, ки шумори беморон аз шумори расман ба қадгирифташуда 1,5 баробар бештар аст. Ҳамчунин тибқи мушоҳидаи ин марказ, шумори бемороне, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ гирифтор шудаанд, бо шиддат меафзояд. Агар дар соли 2011 дарсади тавассути алоқаи ҷинсӣ гирифторшудагон 31 дарсадро ташкил медод, соли 2015 он ба 67 дарсад расидааст.
Беҳимоятарин қишри ҷомеъа аз гирифторӣ ба СПИД муҳоҷирони корӣ ҳастанд, ки на танҳо барои пешгирии гирифторшавӣ ба ин беморӣ коре анҷом дода намешавад, балки ҳеҷ ташхисе на ҳангоми хурӯҷу вуруд ба Тоҷикистон ё Русия анҷом намегирад. Сайфуддин Каримов мегӯяд, ки барои ин кор маблағи ҳангуфте лозим аст, ки давлат айни ҳол наметавонад таъмин кунад.
Мақомоти вазорати тандурустӣ мегӯянд, ташхиси навхонадорон ройгон амалӣ мешавад, аммо худи навхонадорон иттило медиҳанд, ки табибон барои ташхис то 200 смонӣ аз онҳо меситонанд.