Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Дар таркиши Қандаҳор 5 дипломати Аморотӣ ва муовини раиси ин вилоят кушта шуданд

$
0
0

Ду инфиҷор дар тарабхонае дар Қандаҳор, 11 кушта ва 14 нафар захмӣ ба ҷой гузошт, ки байни кушташудагон 5 дипломати аморотӣ низ ҳастанд. Сафири Амороти муттаҳидаи Араб дар Афғонистон аз ин инфиҷор ҷони солим бадар бурд.

Сафар сафири Аморот ба Қандаҳор ҳамроҳ бо дипломатҳои ин кишвар ва шуморе аз сармоягузорон, тибқи гузориши расонаҳои аморотӣ, дар ростои барномаҳои ҳимояти давлат Аморот аз миллати Афғонистон будааст. Дар ин сафар Марказ Халифа ибни Зоид оли Ниҳён поягузорӣ шуда, ва бо донишгоҳи Қандаҳор тавофуқнома барои эътои бурсия ба донишҷуён ин вилоят аз сӯи давлат Аморот имзо шудааст.

Вазорати умури хориҷаи Амороти муттаҳидаи араб кушта шудани дипломатҳояшро эътироф кард ва дар баёнияе эълом кард, Муҳаммад Абдуллоҳ Алкаъбӣ, сафир ва теъдоде аз дипломатҳои ин кишвар дар Афғонистон дар инфиҷор Қандаҳор захмӣ шудаанд.

Дар ин таркиш Абдулалӣ Шамсӣ, муовини раиси вилояти Қандаҳор ва чанде аз масъулини ин вилоят низ кушта шуда, Азизуллоҳ Ҳумоюн раиси ин вилоят захм бардоштааст.

Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст ва Толибон низ гуфтаанд, ки дар ин таркиш даст надоранд.   

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>