Рӯзномаи электронии «ал— Ватан»—и Арабистони Саудӣ иттилоъ додааст, ки барои иштирок дар мавсими Ҳаҷ— 2017 теъдоди зоирони Тоҷикистон ҳамоно 5 500 (панҷ ҳазору панҷсад) нафар боқӣ мемонад.
Ба иттилои манбаъ, 10— уми январи соли ҷорӣ Сулаймон Давлат, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон дар раъси як ҳайъати валомақоми ниҳоди зертобеаш бо масъулини Вазорати Ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ дар Маккаи Мукаррама мулоқот карда, ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои барои ҳар ду ҷониб зарур табодули назар карданд.
Мақомоти Арабистони Саудӣ эълом кардаанд, ки чунин дидору мулоқотҳо бо намояндагони тамоми кишварҳо ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз онҳо омодагӣ барои истиқболи зоирон, беҳтар кардани сатҳи хидматрасонӣ ва баъд аз анҷоми маросими Ҳаҷҷу Умра гусел кардани зоирони ба кишварҳояшон мебошад.
Тоҷикистон бо вуҷуди доштани имконоти зиёд кардани теъдоди зоирон дар чанд соли ахир намехоҳад шумори зоирони Хонаи Худоро дар мавсими Ҳаҷ аз панҷ ҳазору панҷсад нафар афзоиш диҳад. Ҳол он, ки кишвари Арабистони Саудӣ барои ҳар як ҳазори сокини мусалмон солана як квотаи Ҳаҷ ҷудо мекунад.
Ин дар ҳолест, ки айни замон теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд аз ҳашт миллион нафарро ташкил медиҳанд ва Тоҷикистон метавонад дасти дуюним ҳазор квотаи иловагӣ аз Арабистони Саудӣ дарёфт кунад.
Аз сӯи дигар, ҷониби Тоҷикистон ва бахусус Кумитаи оид ба корҳои дин мавсими Ҳаҷро ба як таҷорати фасодолӯдаи калон табдил дода, нархи хидматрасониаш аз тамоми кишварҳои минтақа гаронтар аст.
Ҳамзамон, ба таъкиди худи президент Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир яке аз ниҳодҳои фасодзадаи ҳукумати кишвар дониста мешавад.
Коршиносони соҳа низ бар ин боваранд, ки яке аз омилҳои асосии зиёд накардани квотаҳои зоирон дар мавсими Ҳаҷ ҳамоно омили фасоди моливу идорӣ, саргардонии мардум ва ба ин васила ғорат кардани шаҳрвандон боқӣ мемонад.
Раҳбарияти Кумитаи оид ба корҳои дин бар хилофи қонунгузории кишвар дар соли 2014 синни ҳаҷравиро то 35—солагӣ маҳдуд ва дар соли 2015 ин маҳдудиятҳои худро афзоиш дода, синну соли ҳаҷравиро аз чиҳлсола боло муайян кард.
Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар ягона ниҳодест, ки дар Тоҷикистон сафарбарнамои сокинонро дар мавсимҳои Ҳаҷҷи фарзӣ анҷом медиҳад.
Ҳамчунин дар Тоҷикистон ба масҷид рафтани занон ва кӯдакону наврасони то 18 сола мамнӯъ аст.