Як додгоҳи Маҷористон (Венгрия), Петра Ласло «филмбардори лагадпарон»-и ин кишварро, ба 3 соли ҳабс маҳкум кардааст. Ласло ба далели пушти по задан ба як кӯдаки паноҳҷӯи суриягӣ ҳангоми фирори вай ба ҳамроҳи падараш дар марзи миёни Маҷористону Сербистон, дар сентябри 2015, мавриди хашми мардуми ҷаҳон қарор гирифтааст.
Додгоҳи маҳаллӣ дар минтақа Рокзи Ласлоро бо иттиҳоми «бархӯрди бад» ва осеб расондан ба як шахс, ба се соли ҳабс маҳкум кард.
Бар асоси ин гузориш, Ласло ба дифоъ аз бархӯрди худ пардохт, аммо қозии додгоҳ ҷиноят филмбардорро, ки ба хашми умумӣ мунҷар шуд, ғайри қобил бахшиш донист.
Дар сентябри 2015 шабакаи телевизионии Маҷористон N1TV эълом карда буд, ки филмбардори ин шабака ба хотири қасдан пушти по задан ба як паноҳҷӯи суриягии дар ҳол фирор, аз кор ихроҷ шудааст.
Петра Ласло, филмбардори маҷористонӣ ва узви як созмони зидди паноҳҷуён, замоне, ки ба як падари паноҳҷӯ бо кӯдаке дар оғӯш пушти по гирифт, филмбардорӣ шуд. Ин мард паноҳҷӯ дар ҳоли фирор аз дасти полис дар як ӯрдугоҳи паноҳҷуён дар марзи Маҷористону Сербистон буд.