Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ислом озодкунандаи мардум буд

$
0
0

Аз омузаҳои Қурон ва аҳодиси Расули Худо бармеояд, ки диндории ҳақиқӣ бидуни озодӣ муяссар намегардад. Зеро агар хоста бошем бо икроҳ ва зӯр динро бар мардум таҳмил кунем, дар воқеъ дорем мардумро ба сӯи нифоқ тела медиҳем на бу сӯи имон. Маънои фармудаи Худованд дар ояти 256-и сураи Бақара, “ дар дин ҷабр кардан раво нест” , ҳамин маъноро ифода мекунад.  Дар ин оят ҳамонгуна,ки ҷабри бар дин манъ карда шудааст,имони бо икроҳ низ нафй шудааст. Пас бар асоси ин ҳақиқати исломӣ чунин натиҷа ба даст меояд, ки футуҳоти исломӣ, на ба хотири кишваркушои ва мустаъмира кардани кишварҳо ва ё маҷбуран онҳоро ба ислом водор кардан буддааст, балки ин футуҳот ба хотири озодсозии мардуми шарқ аз зери зулму ситами румиҳо ва форсҳо анҷом шудааст.

Бар асоси маълумоти сабт шуда дар таърих,баъди як аср аз футуҳоти исломӣ шумораи касоне,ки аз мардуми шарқ ба ислом гаравидаанд, бист дар садро ташкил медоданд. Чуноне,ки дар китоби “ Ал-масеҳиюн ва-л-яҳуд фи-т-торихи-л-иломӣ ал-арабӣ ва-т-туркӣ”, ки аз ҷониби Иниститути миллии омузиши демократия дар Париж  ба нашр расидааст, ин маълумот дарҷ шудааст.

Бар ин ҳақиқат, ( ҳақиқати алоқаи футуҳоти исломӣ бо озоди ва озодсозӣ) таърихшиноси қибтӣ Яъқуб Нахла Руфила (Jacob Nakhla Rowilh 1847-1905) дар китоби “Таъриху-луммати-л-қибтия”  менависад: “ Дар воқеъ футуҳоти исломӣ, барои Қибтиҳо ҳуррияту озодӣ ва истиқлоли маданӣ ва роҳатеро барояшон фароҳам кард,ки дар ҳеч замоне надида буданд. Ин як имтиёзи боарзишест,ки дар замони импротури румиҳо аз он маҳрум буданд”.

Ин озодсозиҳо танҳо марбут ба садри ислом набуда, балки  дар тули тарихи исломӣ, идома дошт. Баъд аз панҷ аср аз футуҳоти исломӣ, асқафи сурёнӣ Михаили бузург (1126-1199)  бар ин ҳақиқат чунин шаҳодат медиҳад: “Румиҳои бадахлоқ тамоми каниса ва ибодатгоҳҳои моро  бо бераҳмӣ ва сангдилии тамом, хароб карданд ва бо бераҳмӣ ба мо иттиҳомоти беасосеро таҳмил карданд.  Аз ин хотир барои наҷоти мо фарзандони Исмоил (мусалмонон) омаданд ва моро аз дасти ин ситамгарони румӣ наҷот доданд. Мусалмонон барои мо дар ақоид ва боварҳоямон озодӣ ато карданд ва мо дар зери сояи Ислом да оромиш комил зиндагӣ мекардем”.

Пас футуҳоти исломӣ наҷотдиҳандаи мардуми шарқ ва диёнату боварҳои онҳо буд.  Барои ин мардум озодии динӣ ва иҷтимоъиро фароҳам кард.

Мусташриқи Англис, Томас Уокер Арнолд (1864-1930)  ин шаҳодатҳои муаррихини шарқро тақвият бахшида мегуяд: “Дар маҷмуъ метавон гуфт ғайри мусалмонон дар зери сояи ҳукуматҳои исломӣ зиндагии мураффаҳе доштанд, то он дараҷа, ки мисли онро дар Урупо пеш аз замони муосир дида нашудааст. Бояд ёдовар шавем,ки танҳо чизе,ки ислом барои мардуми шарқ оварда буд озодии диннӣ набуд, балки барои ин мардуми ситамдида озодиҳои иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ низ ато кард.

Пеш аз вуруди ислом бар ин сарзаминҳо шаҳрвандон барои давлати рум сӣ намуд навъи молиёт пардохт мекарданд,ки яке аз он навъи молиёт, он буд,ки ҳаргоҳ касе мехост болои бинои баланде боло шавад, ба хотири нафасгири дар он баландӣ молиёт пардохт мекард. Мусалмонон бо омадани худ ин ҳама молиётро барҳам дода онро танҳо дар ду навъи молиёт мунҳассир карданд. Яке молиёти замини кишт, ки дар ин навъи молиёт мусалмону ғайри мусалмон баробар буданд. Навъи дуввум молиёт ҷузия номида мешуд ва иборат аз чанд дирҳам буд. Ин навъи молиётро танҳо касоне пардохт мекарданд, ки бо вуҷуди тавоноӣ ҳамли силоҳ  хоҳиши иштирок дар артишро надоштанд. Ва инчунин аз касоне гирифта мешуд,ки тавони пардохти онро доштанд. Аммо касоне,ки хоҳиши иштирок дар артишро доштанд ин навъи молиёт аз онҳо гирифта намешуд, балки аз ҷониби давлат ба онҳо ҳамонанди сарбозони мусалмон маош дода мешуд. Бояд донист,ки ҷузия дар ивази  қабул накардани ислом аз ҷониби онҳо набуд. Бо ин далел, ки попҳо, роҳибон,  занону кудакон ва бузургсолон аз пардохти он маъоф буданд.

Инҳо буданд анвоъи озодиҳое,ки Ислом барои мардуми шарқ оварда, ҳамонтавр, ки файласуфи Амрикои Ҷун Tойлор (1753-1824)  мегуяд:  Дини Ислом инқилобе буд бар мунозараҳои хушку холӣ дар мавриди боварҳо ва барои ғуломон умеди зиндагӣ бахшид ва барои инсоният бародариву баробарӣ омухт ва барои мардум дарки ҳақоиқи асосиро, ки фитрати башари бар он бино шудааст  ба армуғон овард.

Бар асоси ин ҳама шавоҳид дар боло зикр шуда бар ин натиҷа мерасем,ки мақсади аввал ва асоси  аз футуҳоти исломӣ озодсозии мардуми сидамдида аз зери бори ғуломӣ ва бардагӣ будааст.

Муаллиф Дуктур Муҳаммад Аммора

Мутарҷим Исломуддин Саидов


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>