Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Пулиси тоҷик —беҳтарин дар ҷаҳон? Ба Раҳимзода унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад!

$
0
0

Бори аввал нест, ки Рамазон Ҳамро Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти бомуваффақияти садҳо “террорист” ва ифшову пешгирӣ аз амалиёти террористӣ ва гурӯҳҳои террористӣ ҳикоя мекунад.

Албатта дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ин гуна боздоштҳо ва ифшокуниҳо сурат мегирад, вале фарқияти дигарон аз Тоҷикистон ин аст, ки дар дигар кишварҳо ин гуна боздошту пешгириҳо даҳҳо маротиба аз Тоҷикистон камтар аст ва онҷо воқеъан баъзе амалиёти террористӣ сурат мегирад.

Аммо пулиси ҳамабину зудамали Тоҷикистон, ки агар ба рақамҳои овардаи Раҳимзода диққат кунед, хатарноктарин кишвар дар ҷаҳон аст — ҳар рӯз 4 ҷинояти хусусияти террористӣ дошта пешгирӣ карда мешавад ва 1,3 террорист дастгир мешавад, ҳанӯз ба ҳеҷ террористе иҷоза надодааст амалиёт анҷом диҳад. Тибқи иттилои вазири сермаҳсултарин пулиси ҷаҳон — Рамазон Раҳимзода соли гузашта дар Тоҷикистон 1367 ҷинояти дорои хусусияти террористиву экстремистидошта ошкор карда шуда, дар натиҷа 464-нафар аъзоёни ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ дастгир гардида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиётҳои махсус 34 гурӯҳи ҷиноятии дорои хусусияти муташаккилдошта бо аъзогии 169 нафар муайян ва дастгир карда шуданд.

Тасаввур мекунед дар чӣ кишваре зиндагӣ доред? 4 ҷинояти хусусияти террористидошта дар як рӯз! Ва боздошти 9 террорист ҳар ҳафта! Ва ифшову хунсосозии 1 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар 10 рӯз! Ин ҳам дар ҳоле, ки дар кишвар ЯГОН амали террористӣ содир нашудааст! Яъне пулиси сепуркасбии Тоҷикистон ончунон вазъ дар кишварро зери назорат гирифтааст, ки ҳеҷ террористе қодир ба кушодани як тир нест. Дар ҳамин ҳол, шояд диққати зиёд ба террористону гурӯҳҳи террористӣ будааст, ки аксари ҷиноятҳои дигар дар кишвар нокушода боқӣ мемонанд. Бахусус сӯхтору бозорҳову марокизи тиҷоратӣ, ки баъди сӯхтор ҳама аз он мегурезанд ва наздикони Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи ҳисси ватандӯстӣ онҳоро обод мекунанд.

Пулисмени рақами аввали кишвар ҳамчунин эълон кардааст, ки бештари онҳое, ки мехостанд амалиёти террористӣ анҷом диҳанд, аъзои “гурӯҳи Давлати исломӣ” будаанд. Ин гуфтаҳо муваффақтарин пулиси ҷаҳон будани ниҳоди зертобеъи бузургвор Раҳимзодаро собит месозад. Чун Давлати Исломӣ муваффақ шудааст дар кишварҳое, ки сохторҳои амниятиашон пешрафтатарин дар ҷаҳонанд, аз қабили ИМА, Олмон, Фаронса ва Белжик амалиёт анҷом диҳад, аммо бо вуҷуди ширкати густардааш дар Тоҷикистон (ки 464 нафарашон боздошт шудаанд), қодир ба иҷрои ҳатто як тирпарронӣ нашудаанд. Дар ҳамин ҳол дар бархе аз он кишварҳо террористон на танҳо қабл аз анҷоми амалиёт, ҳатто баъди он низ боздошт нашудаанд.

Тоҷикистон ягона кишвар дар ақсои олам аст, ки дар як сол 464 “террорист” боздошт кардааст. Ҳатто дар Ироқу Сурияву Афғонистон ва Туркия, ки “кишвари транзитӣ барои террористон” хонда мешавад, ин қадар боздошт намешаванд.

Месазад, ки пулиси Тоҷикистон ва шахси Рамазон Раҳимзода чун муваффақтарин вазир дар таърихи башарият ба китоби рекордҳои Гиннес ворид карда шуда, ҳамчунин ба ӯ унвони қаҳрамони кишвар дода шавад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>