Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Риштарош-рекордсмен аз мақомаш барканор шуд

$
0
0

Полковник-душмани сатру риш, ки бо як изҳороташ на танҳо дар тамоми дунё худаш машҳур шуд, балки Тоҷикистонро шӯҳрат бахшид, аз вазифааш барканор шуд.

Баҳром Шарифзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар нишасти хабарии ҷамъбастии соли 2015 бо ифтихор изҳор карда буд, ки ниҳоди зертобеъаш риши 12818 нафарро тарошида сатри беш аз 1800 занро аз сарашон баркандааст. Ин изҳороти ӯ боис шуд миллиардҳо нафар на танҳо аз номи Баҳром Шарифзода, балки аз кишваер чун Тоҷикистон ҳам дарак ёбанд. Чун ин хабарро машҳуртарин шабакаҳаҳои дунё нашр карданд. “Вашингтон Пост”, “Ал-Ҷазира”, “Дойче вилла”, “Таймс”, “Ал-арабия” “Дейли мейл”, “France 24” ва дигар шабакаҳои ҷаҳонӣ дар ин бора мақола, гузориш ва барномаҳо пахш карданд.

Шояд ҳамкасбони дигараш дар Суғду Душанбе аз ӯ камтар риш натарошида бошанд, вале дар нишасти матбуотӣ эълон кардани рақаси мушаххаси ришҳои тарошидааҳ Шарифзодаро машҳури дунё кард.  

Ҳанӯз маълум нест, риштароши рақами аввали кишвар ба чӣ мақоме интиқол хоҳад ёфт. Бо назардошти “хидмати арзандааш ба халқу ватан” аз эҳтимол дур нест, ки ба вазифаи баландтар роҳ ёбад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>