Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Миллӣ, ки бо як сафари шашрӯза дар Арабистони Саъудӣ қарор дорад, ин аз ин кишвар хостааст дар бунёди нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун кӯмак кунад.
Аммо кӯмаке, ки Тоҷикистон аз Саъудӣ хостааст на ширкат дар бунёди ин нерӯгоҳ, балки қарзи имтиёзнок барои сохтани он будааст. “Чанде пеш бо оғози сохтмони сарбанди неругоҳи Роғун мо ба марҳилаи ниҳоии бунёд ва ба кор даровардани ин иншооти азими гидроэнергетикӣ шурӯъ кардем ва тибқи нақша навбати аввали он бояд охирҳои соли 2018 ба истифода дода шавад. Вале дар шароити буҳрони шадиди иқтисодию молии ҷаҳонӣ Тоҷикистон ба қарзи дарозмуддати имтиёзӣ барои татбиқи босифати ин лоиҳа, аз ҷумла ба мусоидати бародаронаи Арабистони Саудӣ эҳтиёҷ дорад”. — гуфтааст Зуҳуров ба мақомоти Саъудӣ.
Дар ҳамин ҳол раиси Маҷлиси намояндагон аз Арабистони Саъудӣ даъват кардааст дар бунёди корхонаҳои муштарак, обёрии заминҳои бекорхобида, рушди сайёҳи дар Тоҷикистон, бунёди нерӯгоҳҳои дигари обию барқӣ ва ғайра бо Тоҷикистон ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ кунад.
«Тоҷикистон ҷониби Саудиро дар маблағгузории лоиҳаҳои энергетикию обии дорои аҳамияти минтақавӣ, бахусус сохтмони хатҳои интиқоли барқи баландшиддати фаромарзӣ, неругоҳҳои обии бузургу миёна, зеристгоҳҳо, инчунин коркарду истихроҷи маъданҳои табиӣ ва обёрии заминҳо истиқбол менамояд»- гуфтааст Зуҳуров.
Ду-се соли охир мақомоти давлати Тоҷикистон, сар аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон то вазири корҳои хориҷиву раиси Маҷлиси намояндагон бештари сафарҳои худро ба кишварҳои арабии Халиҷи Форс анҷом медиҳанд.
Тибқи иттилои як манбаи Паём.нет сафарҳои паёпайи мақомоти тоҷик камтар ба ҳамкориҳои дуҷониба вобаста буда, бештар барои гирифтани кӯмаки пулӣ аст. Аксари созишномаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо иҷроношуда боқӣ мемонанд, аммо тибқи иттилои манбаи мо дар ҳар сафарашон ба мақомоти тоҷик муяссар мешавад то 100 миллион доллар кӯмак нақди пулӣ дарёфт кунанд.
Манба мегӯяд ҳаҷми кӯмак ба мансаби сафаркунанда ва шумори сафари ӯ вобаста аст. Яъне бештарини кӯмакро шахси Эмомалӣ Раҳмон ва камтарини онро вазири корҳои хориҷӣ дарёфт мекунад. Ҳамчунин дар ҳар сафар ҳаҷми кӯмак камтар мешавад.
Тибқи иттилои оҷонсии давлатии “Ховар” Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх, Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар мулоқот бо раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфтааст: «Эмомалӣ Раҳмон воқеан Пешвои забардаст аст».
Шукурҷон Зуҳуров ба ҳамтои саъудигиаш изҳор кардааст: «мо дар Тоҷикистон Арабистони Саудиро ба ҳайси шарики муҳими худ дар ҷаҳони араб мешиносем ва ба рушду таҳкими муносиботи гуногунҷанба бо он таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем»