Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

БОР танҳо дар сурати боло бурдани қимати барқ ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард

$
0
0

Бонки Осиёии Рушд кӯмаки имсолааш ба буҷаи Тоҷикистонро дар сурате ироа хоҳад кард, ки қимати барқ барои аҳолӣ ва истгоҳҳои обкашӣ боло бурда шавад.

Дар ин бора Си Си Ю, раҳбари дафтари намояндагии ин бонк дар нишасти хабариаш дар Душанбе изҳори назар кард. Ин ниҳод ба ин бовар аст, ки қимати аз ҳад поини барқ барои аҳоливу истгоҳҳои обкашӣ ва баръакс қимати гарони он барои бахши хусусӣ ва корхонаҳо, ба рушди бахши хусусӣ дар кишвар монеъа иҷро мекунад.

Тибқи иттилои Си Си Ю маблағи кӯмаки имсолаи БОР ба буҷаи Тоҷикистон 50 миллион доллар будааст.

Ӯ ба ин назар аст, ки ба қисме аз истеҳсолкунандагон фурӯхтани барқ бо қимати камтар аз арзиши истеҳсолии он ва ҳамин зарарро ҷуброн кардан аз ҳисоби бахши хусусӣ хилофи қоидаи бозор аст.

Барқ ба аҳолӣ дар ҳоли ҳозир бо қимати 14,65 дирам барои ҳар киловат ва ба истгоҳҳои обкашӣ бо қимтаи 2,55 дирам фурӯхта мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар изҳороти намояндаи Бонки Осиёи Рушд қимати барқ ба ширкати ТАлКо зикр нашудааст. Дар ҳоле, ки ин ширкат то 40 дарсади барқи истеҳсолии кишварро масраф ва онро бо қимати 7,2 дирам дарёфт мекунад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>