Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

“Генплан”-и Аҳмадзода ва посухи Абдуқодири Рустам

$
0
0

Раҷаббой Аҳмадзода, раҳбари Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон тарҳеро муаррифӣ кардааст, ки тибқи он дар деҳоти кишвар биноҳои баландошёна бунёд хоҳанд шуд.

Ин тасмим, ба гуфтаи ӯ, ба хотири ҷилавгирӣ аз сохтмони хонаҳо дар заминҳои кишт гирифта шудааст. Тибқи гуфтаи Раҷабзода. мутахассисон масъалаи канализатсия ва дигар масоили дахлдор ба бунёди биноҳои баландошёна дар деҳотро баррасӣ карда, сипас ба бунёди онҳо оғоз хоҳанд кард.

Абдуқодири Рустам, нависандаи тоҷик дар эътироз ба ин тарҳ онро дур аз мантиқ ва корношоям номидааст. Посухи пурраи ӯ ба аҳмадзода чунин аст:

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон тарҳеро таҳия кардааст, ки дар асоси он дар рустоҳои Тоҷикистон биноҳои баландошёнаи маскунӣ сохта хоҳанд шуд. Торнамои радиёи «Озодӣ» аз қавли Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ин ниҳод навиштааст, ки кумитаи ў мехоҳад бо иҷрои ин тарҳ аз коҳиши замини кишт пешгирӣ бикунад. Воқеан, ин тарҳ ҷолиб ва бесобиқа аст; манзурам на худи тарҳ – яъне сохтани биноҳои аз 4 то 9 ошёна дар рустоҳо ва дар ҳар яке аз ин биноҳо ҷой додани аз 30 то 120 хонавода, балки иброз ва расонаӣ кардани он аз ҷониби мақомдори тоҷик аст: мо дар таърихи навини кишварамон ҳеҷ гоҳ шоҳид набудаем, ки вазире ё раисе мубтакир ва ташаббускори коре шуда ва онро аланан иброз дошта бошад

Ва аммо асли ҳарф ин аст, ки ин тарҳ бо қама ҷаззобияташ, тарҳе дур аз мантиқ ва корношоям аст; кормандон ва раиси муҳтарами кумитаи идораи замин танҳо ва танҳо пешгирӣ аз коҳиши замини кишт ва босамар истифода кардани онро дидаанд ва зоҳиран ба ҳеҷ чизи дигар наандешидаанд.

1) Сохтани бинои баландошёна дар русто махориҷ ва ҳазинаи хеле бештар аз сохтмони чунин биноҳо дар шаҳрҳоро дорад. Дар шаҳр аз зербинои мавчуд истифода мекунанд, ва ё зербинои мавҷудро такмилу тавсиа медиҳанд, дар русто хатти обрасонӣ, фозилоб, хатти нерӯмандтари барқ бояд комилан аз нав сохта шавад.

2) Дар сурати рух додани заминларза ва ё сўхтор дар бинои баландошёнаи русто, то аз шаҳр расидани наҷотдиҳандагон ва ё оташнишонон бо васоилашон — бо таваҷҷӯҳ бо дурии роҳ ва вазъи хароби роҳҳои деҳот, ду-се соат сипарӣ мешавад ва дар ин муддат сўхтор кулли биноро фаро мегирад ва одамони бештар ҷон мебозанд.

3) Бо таваҷҷӯҳ ба бештар шудани сокинони дехҳот ҳазинаҳо ва қимати идораи кишвар афзоиш меёбад.

4) Ва аммо ин қадар одам дар рустоҳо бо чӣ кор машғул хоҳанд шуд? Оё замини мавҷуд барои ба кишоварзӣ машғул шудани онҳо кифоят мекунад? Вақте ки хонаводае дар деҳа зиндагӣ мекунад, бояд ҳатман барои таъмини рўзгораш замини кишоварзӣ ва гову гўсолаю бузу бузғола дошта бошад. Вале имрўз ҳам мо на замини кофӣ дорем, на чарогоҳ. Ва бадеҳист, ки бо афзоиши шумораи рустоиён вазъ боз ҳам бадтар мешавад.

Ва аммо, худи ҳамин амр, ки ниҳоят ба ин масъалаи муҳим – истифодаи босамари замини кишоварзӣ ва пешгирӣ аз коҳиши он таваҷҷӯҳ шудааст, боиси хурсандист.

Ин масъала бояд ҳарчӣ зудтар ҳаллу фасл бишавад. Ва танҳо роҳи ҳалли он шаҳрнишин кардани мардуми русто аст. Айни ҳол Тоҷикистон аз назари таносуби аҳолии шаҳру русто ва бартарии рустонишинон бар шаҳрнишинон дар маҳдудаи шўравии собиқ дар ҷойи аввал аст ва ҳампаҳлў бо чанд кишвари африқоӣ яке аз ҷойҳои аввал дар ҷаҳонро ишғол мекунад. Болиғ бар 80 дар сади аҳолии кишвар дар рустоҳо маскунанд. Ва ҷолиб ин аст, ки ин болиғ бар 80 дар сади ҷамъият на фақат камтар аз 20 дар сади аҳолии боқимонда, балки худро низ бо маҳсулоти кишоварзию домдорӣ наметавонанд таъмин бикунанд. Ҳар баҳор қимати маҳсулоти кишоварзӣ – соле картошка, соли дигар пиёз, ё зардҷома дар бозорҳои кишвар боло меравад ва ҳампойи худ доду фарёди мардуми харидахўрро ба фалак мебарорад. Яъне боз ҳам афзоиш додани мизони аҳолии рустонишин на фақат дардеро дармон намешавад, ки боиси афзоиши мушкилот мегардад.

Шаҳрнишин кардани мардуми русто бо барномаи нави давлат, яъне аз кишвари аграрӣ (бо он ки гуфтем, ҳатто мардуми худро бо маҳсули замину чорпо таъмин кардан наметавонад, чи тавр кишвари аграрӣ будааст, аз фаҳми ман ба дур аст) ба кишвари саноатию аграрӣ табдил додани Тоҷикистон мувофиқ ва мутобиқ хоҳад буд. Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан, Қурғонтеппа, Кўлоб, Исфара, Хоруғ, Конибодом, Панҷекат барои тавсиа имконоти зиёди истифоданашуда доранд. Бунёди шаҳракҳои ҷадид, чунончи Сайҳун низ дар ин амр метавонанд мусоидат намоянд. Бо ин ин роҳ мо ҳам мардумро бо ҷойи кор таъмин мекунем ва ҳам замини кишоварзӣ мутобиқи мақсад истифода хоҳад шуд. Аммо шарти асосӣ ин аст, ки ин барномаи давлат иҷро бишавад ва мисли барномаҳои дигараш (масалан, истифодаи ҳарчи бештари нахи пахта) нимакора намонад. Барои кишвари хурде чун Тоҷикистон, ки мардумаш ҳамеша омодаи иҷрои фармонҳои болонишинон аст, ин кор чандон душвор нахоҳад буд. Танҳо бо рушди саноати сабук ва сохтани корхонаҳои либосдўзӣ , ҷӯроббофӣ, кашбофӣ даҳҳоо ҳазор ҷойи кор метавон ташкил кард, ки имкон медиҳад аз баҳри сармоягузорӣ ба саноати сабуки Чин, Туркия, Узбакистон ва Кирғизистон гузарем ва ин маблағҳоро барои рушди саноати худӣ истифода намоем. Барои мисол агар 8 млн. ҷамъияти Тоҷикистон ҳар кадом солона 10 ҷӯроб истифода бикунанд, мешавад 80 млн. (Ва ҳамин тавр ҳисоб кунед, куртаю костюму майкаю трусику пистонбандро)

Ва шарти дигар ин ки шаҳрҳои бузурги мо худ ба рустои бузург табдил наёбанд ва соҳиби тамаддуни шаҳрӣ бишаванд. Яъне барномаи дигаре лозим аст, то дар баробари эъмори шаҳрҳои ҷадид ва тавсиаи шаҳрҳои қадим мо тавонем мардуми шаҳрнишин тарбият бикунем.

Пас, он барномаи сохтмони биноҳои баландошёна дар рустоҳо суде ҷуз зиён надорад ва ҳанўз ки оғоз нашудааст, бояд ба бойгонӣ супорида шавад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>