Оғози хабарҳои расмии расонаҳои давлатӣ, ки бо унвонҳои болохонадори раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон оғоз мешуданд ва ними хабар бо он пур мешуд, минбаъд дарозтар хоҳанд буд.
Сомонаи расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ба ин хабарҳо Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори нави Душанбе ва писари Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳ кардааст. Як хабари расмии жнашршуда дар ин сомона чунин оғоз шудааст: «Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот машварати корӣ доир карданд».
Ин дар холе аст, ки пештар пас аз номи Эмомали Рахмон номи вазирони кудрати меомад ва дида нашуда буд, ки пас аз номи Рахмон номи раиси шахр омада бошад.
Яъне холо расонахои режим мехоханд зехнхоро барои нафари дуввум эълон кардани Рустам омода кунанд.
Дар сурати ба Рустами Эмомалӣ дода шудани чанд унвони холишудаи Эмомалӣ Раҳмон, аз қабили “Ҷаноби олӣ”, хабарҳо метавонанд боз дарозтар шаванд.