Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Заҳҳокон ва морони асри нав

$
0
0

Чанд сол пеш достони Заҳҳок ва моронашро хонда будам. Аммо ба моҳияти морони ӯ сарфаҳм намерафтам. Чаро дар китфонаш мор аст? Мор барои чӣ аст? Магар мор мағзи сари одам мехурад? Мор дар ин достон киноя аз чист?

Вақте дирӯз хабари қатъи парвандаи фарзанди миллаткуши яке аз мансабдоронро хондам бидуни ҳеҷ даранге Заҳҳок ва морони ӯ ба зеҳнам омаданд.

Аҷаб дунёе шудааст. Барои наҷоти як ҷинояткор обуруву ҳайсияту шууру тамоми арзишҳову меъёрҳои инсониро паси по мезананд. Магар кӣ бовар мекунад, ки мошини гаронқимати писари як соҳибмансаб вайрон бошад? Яъне гунаҳкор мошини қиматбаҳо на ягон инсон!

Магар ин таҳқиру беэҳтиромиву туф кардан ба ақлу фаҳму шуури ин миллат нест?

Магар аз ин дида таҳқири бадтар   барои як инсон вуҷуд дорад?

Магар ин миллатро ин тоифа гусфанд мепиндоранд?

Ошкору равшан ба ӯ дуруғ мегуянд, аммо гуё ягон гап нашудааст. Онқадар дар дуруғ гуфтан усто шудаанд, ки дигар сурх ҳам намешаванду шарм ҳам намекунанд.

Агар онҳоро золим гуем қаҳрашон меояд.

Агар ҷинояткор гуем асабӣ мешаванд.

Агар хоин гуем ё фосиду дуруғгӯ бигуем нороҳат мешаванд.  Аммо тамоми амалҳояшон ҳамин аст.

Заҳҳок дар шоҳнома танҳо ду мор дошт. Аммо ин Заҳҳокони асри нав ҳаркадомаш чанд морбачаро дар ҷомеа раҳо кардаанд, ки ҳар рӯз аз хуни ҷавонони ин миллат менушанду сер ҳам намешаванд. Ҳоло мефаҳмам, ки морони Заҳҳок дар шоҳнома ба чӣ маъно аст.

Танҳо Кова дар ин миён хомӯш аст. Ҳоло ҳам сабр дорад. Аммо вой аз он рӯзе, ки Кова бархезад!

Битарсед аз он рӯзе, ки Коваҳо ба хунхоҳии фарзандонашон ба по хезанд!

Онгоҳ аст, ки на ба худатон раҳм хоҳанд кард ва на ба морони хуношоми палидатон!


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>