Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Пас аз Ҳафиз Бобоёров, чӣ гуна Шервони Умриддин аз Академия ронда шуд?

$
0
0

Ё ихтилофоти дохилии шадид ва кинатузӣ дар Академияи илмҳои ҶТ ба авҷи худ расид.

Шервони Умриддин, сухангӯи ҷавони Академияи  илмҳои ҶТ бо туҳмати “оппозитсия будан” аз ин мақом ронда шуд.

Ӯ барканории худро чунин шарҳ дод: “Туҳматам карда, шароити кор кардан (дар Академия)-ро душвор карданд. Фазое сохтанд, маҷбур карданд, ки аризаи истеъфоро нависам.”

Ин ҷавони барканоршуда афзуд, пас аз он ки ӯро дар Академияи илмҳо туҳмат намуда, “тӯ оппозитсия” мехонданд, маҷбур шуд, ки аризаи истеъфояшро бо дасти худ навистад.”

Ӯ гуфт: «Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академия низ чизе нагуфта, зуд ба аризаам имзо гузошт ва аз кор барканорам кард.»

Умриддин бо ишора ба вуҷуди ихтилофоту мушкилоти дохилӣ ва туҳматпардозиву кинатузӣ дар дохили долонҳои Академияи илмҳо гуфт: “Дар тӯли 2 соли фаъолиятам дар Академияи улуми Тоҷикистон аз пушти ман бисёр гап буд. Ҳамеша намегузоштанд, ки кор кунам ва ҳар рӯзи Худо (дар ин ниҳод) ҷангу ҷидол, таҳмату бахилӣ ва якдигарҷангандозӣ буд.”

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки Ҳафиз Бобоёров (Холиқзода), директори Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки бо мавзеъгириҳои тундаш алайҳи ҲНИТ маъруф шуда буд, дар моҳи майи  соли 2015 ба таври ғайримантазира барканор шуд.

Шервони Умриддин дар июли соли 2016 дар як мақолааш ба номи “Амали масъулини ҲНИТ дар Туркия мантиқ надорад”, ки дар сайти Тоҷнюз ва АзияПлюс нашр шуд, аз ҲНИТ сахт интиқод карда буд.

Ӯ аз ҷумла навишт: “Вале як тӯда пайравони ташкилоти мамнуъ ва террористии ҲНИТ (тибқи қарори Суди олии Тоҷикистон), ки баъди содир кардани ҷиноятҳо аз ватани худ фирор карда, имрӯзҳо дар Туркия панаҳ мебаранд, бо истифода аз ин фурсат бори дигар фурухташуда ва ғуломи хоҷагони хориҷӣ будани худро нишон доданд.”

Аммо ин мавзеъгириҳои тундаш алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ӯро шафоат накард ва инак ӯ ба як шакли номуносиб аз ин симат ронда шуд.

Сиёсати ҷавонгароии ҳукумати Э. Раҳмон маълум шуд: Рустам раиси шаҳри Душанбе шуду Амриддини ҷавон сабукдуш.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>