Вазифи як кумита ва ё вазорат чист? Магар дар кишвари мо салоҳиятҳои кумитаҳову вазоратҳо маълум шудааст?
Ба гузориши хабаргузории давлатии Ховар, Кумитаи ҷавонон ва сайёҳӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ масъалаи фарҳанги либоспушии ҷавононро баррасӣ кардааст. Дар тули чанд рӯзи охир ин чандумин бор аст, ки хабар дар бораи сару либосу пушиши мардум нашр мешавад.
Чанде пеш суханони Идигул Қосимзода дар бораи либоси занон шуру валвалае дар шабакаҳо эҷод кард, ки ҳама дар маҳкумияти ин “раиси доно” буданд. Чанд рӯз пештар бошад хабари бо либоси атласу адрас ба дарс рафтани донишҷӯдухтарон нашр шуд. Ба назар мерасад тамоми вазорату кумитаҳо дар кишвари мо мушкили либосу пушиш доранд. Онҳо дигар ягон масъала ба ҷуз либоспушии мардум надоранд.
Дар ҳоле, ки либоспушӣ ин кори шахсии ҳар як инсон аст. Бар асоси қонунҳои байналмилалӣ ва кишварамон ҳеҷ кас ҳуқуқи онро надорад, ки ба ҳарими шахсии шаҳрванд дахолат кунад. Аммо ҳоло мебинем, ки тамоми кори баъзе кумитаву вазоратҳо дахолат ба ҳарими шахсии шаҳрвандон гаштааст. Магар чунин ҳукуматеро қонунмеҳвар ва ё озоду демократӣ гуфтан мумкиг аст?
Ба фикри ман мушкил агар аз як тараф дар ин масъулони бемасъулият бошад, аз тарафи дигар дар худи мардум ҳам ҳаст. Вақте мардум аз вазорату кумитаҳо чизе талаб накунад ва ин вазорату кумитаҳо дар назди мардум ҷавобгӯ ва ҳисоботдиҳанда набошанд, ба ҷои хидмат ба мардум ба амру фармон додан ба онҳо мепардозанд.
Барои мисол оё дар ноҳияи Рӯдакӣ теъдоди зарурии майдончаҳои варзишӣ, салонҳои варзишӣ ва шароити варзиш барои сокинони он омода шудааст? Магар ҳар як деҳот бо майдони варзишӣ таъмин аст? Оё барои тимҳои варзишии ин ноҳия ягон намуди сармоягузорӣ анҷом шудааст? Магар мусобиқаҳои варзишии байни мактабҳо ё ҷамоатҳо дар ин ноҳия ягонбор баргузор мешавад?
Ё инки магар шароити ин ноҳия барои сайёҳон муносиб аст? Оё зерсохторҳои ноҳия ба талабот ҷавобгӯ ҳаст? Мероси фарҳангӣ ва таърихии ноҳия магар тармим шудаанд?
Идигул Қосимзода бошад бояд ба фикри ин бошад, ки занони муҳоҷирони корӣ аз лиҳози руҳӣ дар чӣ шароит қарор доранд? Чаро худкушӣ дар миёни занон рӯз ба рӯз афзоиш меёбад? Чаро теъдоди танфурушон меафзояд? Чаро хушунати оилавӣ зиёд шудааст? Чаро ҷинояткорӣ дар миёни занон меафзояд? Чаро барои занони муҳоҷир нуқтаҳои кумакҳои рӯҳӣ то ҳол ташкил нашудааст? Чаро барои занони деҳот ягон барномаи мушаххас вуҷуд надорад?
Вазорати маориф бояд ба ин мушкилот расидагӣ кунад, ки чаро то ҳол муаллимонаш дар донишгоҳу омӯзишгоҳҳо баҳо мефурушанд? Чаро бо ҳар баҳона аз талабаҳо пул меситонанд? Чаро сатҳи саводнокии донишгоҳҳо ва мактабҳои мо ба талабот ҷавобгӯ нест?
Мисли ин садҳо саволи беҷавоб вуҷуд дорад, ки мардум бояд аз ин масъулин бипурсанд. Вақте мардум аз онҳо намепурсанд онҳо худро ҳоким ва соҳиби молу ҷони онҳо фикр мекунанд ва ҳар коре хостанд бо ин мардуми орому хомӯш кардан мегиранд.
То мардум ин ҳуқуқҳои худашро нашиносаду бо роҳҳои қонунӣ онҳоро аз ин масъулин талаб накунанд, ҳолаш ҳамин аст. Кор ба ҷое мерасад, ки барои либоспушӣ, даъвати меҳмон, ибодат кардан, сафар кардан ва ҳар як амалаш бояд аз ин масъулин иҷозат бигиранд.
Пас мушкил дар куҷост? Дар либос ё дар фикру андеша?