Як гурӯҳи 500 нафараи ҷавонон аз шаҳру деҳоти ноҳияи Файзобод имрӯз даст ба роҳпаймоӣ задаанд. Ин роҳпаймоиро ба хотири соли ҷавонон эълон кардаанд. Аҷибаш он аст, ки барпокунандагони ин роҳпаймоӣ дар соли ҷавонон мехоҳанд садоқаташонро ба Пешвояшон бо ин роҳ исбот кунанд. Дар баёнияи ин гурӯҳ чунин омадааст: “«Мо ҷавонони ноҳияи Файзобод дар қатори ҳазорҳо ҷавонони кишвар тамоми донишу малака ва ҳунару маҳорати худро баҳри он равона менамоем, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро дар амал татбиқ намуда, ҳамеша сазовори боварии Пешвои миллат бошем».
Ман як масъаларо нафаҳмидам, ки ин солро ба хотири чӣ соли ҷавонон эълон кардаанд? Ба хотири онки ба ҷавонон диққати бештар дода шавад ё инки ҷавонон ба “Пешвову пешвозодаҳо” таваҷҷуҳи бештар кунанду садоқаташонро ба онҳо нишон диҳанд?.
Ба назар мерасад митингу роҳпаймоӣ баъд аз баста шудани наҳзати исломӣ ба як анана даромадааст. Замоне роҳпаймоӣ ва митинг ончунон хатарноку тарснок шуда буд, ки ҳеҷ кас ҳатто номашро намегирифт. Аммо вақте инкор аз тарафи амният ва милитсия ташкил шуд, дигар аз он мардум чандон тарсе ҳам надоранд. Хуб аст, ки митингу роҳпаймоӣ оддӣ мешавад ва дар сурати лозим шояд ҳамин ҷавонон дар оянда барои талаби ҳуқуқҳояшон ҷуръати анҷомдодани мустақилонаи ин корро ҳам пайдо кунанд.
Аммо ба назар мерасад ин ҳукумат аз такка ҳам шир душиданист. Дар соли ҷавонон ҳам мехоҳанд онҳоро ҳамчун василаи сиёсии худ дар муқобили мухолифонашон истифода баранд. Мо медонем, ки аксарияти ин ҷавонони бечора аз баромадан ба роҳпаймоӣ дар чунин рӯзҳои сард безоранд. Аммо боз ҳам тарси аз даст додани ҷои кор, нуқтаи савдо, ихроҷ аз донишгоҳ ва ғайра аст, ки онҳоро ба майдон меорад.
Аммо маълум нест, ки ин ҷавонони ба митинг одат карда рӯзе ба муқобили ҳамин пешвову хонадонаш қиём накунанд! Зеро бо чунин сиёсати хонаводагароӣ аниқ аст, ки рӯзе косаи сабри мардум ва ба хусус ҳамин ҷавонони бечора лабрез хоҳад шуд ва он вақт митингу роҳпаймоие шояд барпо шавад, ки дигар онро на мақомот, балки худи ҷавонон идра хоҳанд кард.