Академияи илмҳо ва вазорати маориф талош доранд то бар асоси як таҳқиқот дар донишгоҳҳо дарсеро бо номи “мактаби Эмомалӣ Раҳмон” роҳандозӣ кунанд. Бар асоси ин тарҳ қарор аст тамоми дипломатҳои ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳҳо дарсеро таҳти ҳамин ном дошта бошанд ва бо шеваи роҳбарии президенти якумраи Тоҷикистон шинос шаванд.
Бештари коршиносон ва таҳлилгарон ин амалро идомаи шахспарастӣ, чоплусӣ, хушомадгӯӣ ва таҳкими диктатура дар кишвар медонанд. Зеро пештар аз ин дар Вилояти Бадахшони куҳӣ деҳаеро Раҳмонобод номиданд. Пас аз он як нафар аз ноҳияи Ҳисор пешниҳод намуд, ки дар 1000 сомона ҳам бо акси Раҳмон чоп карда шавад, ки хелеҳо бо шухӣ номи онро 1000 раҳмонӣ ҳам гузоштаанд.
Бархе аз мунтақидон бар ин назар ҳастанд, ки агар қарор аст даврони давлатдорие омӯхта шавад, бояд таҷрибаи ҳама омӯхта шавад на аз як шахси хосс.
Ин дар ҳоле аст, ки бисёриҳо Убайдуллоевро яке аз роҳбарони муваффақ медонистанд ва аз кордонии ӯ борҳо ситоиш кардаанд. Агар қарор бошад ба ҷуз Раҳмон таҷрибаи каси дигаре ҳам омӯхта шавад мутмаиннан наметавонад Рустам бошад. Агар ин кор дуруст сурат бигирад пас нафари баъд бояд Убайдуллоев бошад. Аммо дар ҳоли ҳозир Раҳмон дили хуше аз Убайдуллоев надорад ва ҳатто пас аз барканориаш корҳои ӯ аз тарафи агентии мубориза бо фасод зери санҷиш қарор доранд.
Бинобарин ба назар мерасад боз ҳам шахсияти ягона, ивазнашаванда, берақиб, бемонанд ва … худи Раҳмон мемонад.