Занҷирамоҳ Гадоева, хоҳари Шарофиддин Гадоев, аз шахсони калидии созмони сиёсии “Гуруҳи 24” аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш кардааст, то у ва пайвандонашро аз ҷабру зулм ва тазйиқу фишори мақомоти қудратӣ наҷот диҳад.
Занҷирамоҳ ҳини тамос бо пойгоҳи хабарии “Озодагон” арз кардааст, ки мақомот дар баробари бастани дӯконашон дар бозори ноҳияи Фархор имрӯз мехоҳанд борашонро бигиранд.
У гуфтааст ман 5 кӯдак дорам, ки як нафараш бемори вазнин аст. Худам низ дар натиҷаи фишорҳо бемори саратон шудам. Савдо карда, рӯзи фарзандонамро мегузарондам. Ҳоло аз мақомот, аз ҷумла милисаю амният омада, фишор меоранд. Мегӯянд, шумо ҳаққи кор надореду гапатон дар ҳеч куҷо намегузарад. Мо чӣ гуноҳ дорем? Кори бародарам ба мо, дукончаи шавҳарам чӣ рабт дорад? Ҳар кас бояд барои кори кардааш худаш ҷавоб гӯяд.
Занҷирамоҳ Гадоева бо таъкиди ин ки 25 сол боз ҳаёти хонаводагии алоҳида дорад, аз Президент хост барояш кӯмак кунад, то хонаводааш таҳти фишор қарор нагирад:
“Айни ҳол намояндагони мақомот омада, борамонро аз дукончаамон гирифта истодаанд. Бори мо аз халат, либосворӣ ва ҳамин хели чизҳо иборат аст. Охир мо ҳуқуқи зиндагӣ надорем? Мо шаҳрванд нестем?”.
Хонум Гадоева фишорҳоро ба фаъолияти сиёсии бародараш Шарофиддин Гадоев рабт додааст.
Шарофиддин Гадоев дар сӯҳбат бо ПАЁМ.net дар ин бора гуфт, ки у дар ин бора тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳ шудааст. Вале ин фишори мақомоти қудратии Тоҷикистон болои пайвандонаш бори аввал нест. Ингуна фишорҳо аз соли 2012 ба баъд болои хонаводааш шурӯъ шуда буд. Аммо аз соли 2014 ба баъд, баъди он, ки талаби истирдодаш аз ҷониби Тоҷикистон, ки аз кишвари Испания карда буд, рад шуд фишору тазйиқ рӯз ба рӯз авҷ мегирад.
Гадоев мегӯяд, имрӯз ҳаммаи бародаронаш ба сабаби фишори мақомот Тоҷикистонро тарк кардаанд ва дар муҳоҷирату ғарибӣ ба сар мебаранд. Дар кишвар аз пайвандонаш танҳо хоҳарону чанде аз пирону кудакон мондаанд, ки онҳоро режим ҳамчун гаравгон истифода мебарад ва болои сари онҳо ҳамагуна муносибатҳои берун аз қолаби инсониро раво мебинад.
Ин фаъоли сиёсӣ мегӯяд, ҳатто фишор то ҷое расидааст, ки шавҳарони хоҳаронаш маҷбур шудаанд, то хоҳаронашро талоқ диҳанд ва оварда дар хонаи волидайнаш монанд. Ба ҳама ин кифоят накарда боз ҳам намемонанд, ки ақалан барои гузаронидани рузашон қути лоямуташонро дарёфт кунанд.
СадоШарофиддин Гадоев аз фаъолон, ва яке аз шахсони калидии созмони “Гуруҳи 24” аст. У мутаваллиди соли 1985 буда маълумоташ олӣ бо тахассуси ҳуқуқшиносӣ мебошад. Бино ба маълумотҳо баъди мусодира шудани тиҷораташ аз ҷониби шахсони наздики президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистонро тарк кардааст. Шарофиддин Гадоев қаблан бо дархости мақомоти тоҷик дар Испания боздошт шуда буд. Вале ба сабаби қонеъкунанда набудани ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи Тоҷикистон додгоҳи Испания истирдоди вайро ба Тоҷикистон рад ва озодаш карда буд.