Рузномаи русии “Правда“ чопи Маскав бо номи “Эктремизм на экспорт” (интиқоли ифротгароӣ) матлаберо, ки ба қалами рузноманигори ин нашрия Сергей Кожемякин тааллуқ дорад, ба нашр расонидааст. Ин рузноманигор дар ин матлабаш асосан аз хатари интиқоли экстремизми низомӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон нигаронӣ кардааст. Ин нигаронӣ дар ҳоле аст, ки масъулини Тоҷикистон ба ин даъвоянд, ки марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба таври зарурӣ муҳофизат мешавад

Сергей Кожемякин
Кожемякин бо такя ба манобеаш гуфтааст, дар навоҳии марзии Афғонистон бо Тоҷикистон ҳазорон шибҳи низомӣ ҳудуди 10-15 ҳазор нафар дар қолаби созмонҳои терористӣ гирди ҳам омадаанд, ки изҳороти ахири вазири умури дохилаи кишвари Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, ҳини нишасти матбуотиро метавон таъйиди ин воқеъият унвон кард.
Ба гуфтаи Раҳимзода, бо вуҷуди талошҳои кишвари Тоҷикистон ва мақомоти зирабти Афғонистон марзи муштараки ин ду кишвар ҳамоно ба душвориҳои зиёд рӯ ба рӯст.
Ҳамчунин бинобар гузориши вазири умури дохила дар суфуфи ин созмони терористӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ва соири кишварҳои Осиёи Марказӣ кам нестанд.
Марзбонони Афғонистон тавони назорати тамоми нуқоти марзии ин кишварро надоранд ва ҳатто навоҳии марзии ин кишвар бо Тоҷикистон, ки дар соли 2015-2016 аз сӯи шибҳинизомиёни гурӯҳҳои терористӣ тасарруф шуданд, ҳануз таҳти тасарруфи онон боқӣ мондааст.
Манотиқи Қалъаи Зол, Имом Соҳиб ва Дашти Арчии вилояти Кундуз, Дашти Қалъа ва Даргади вилояти Тахор аз ҷумлаи навоҳии тасарруфшуда аз ҷониби шибҳинизомиён мебошад.
Агар пештар дар ин навоҳӣ ҳаракати Толибон фаъол буд, моҳҳои охир вазъият ба нафъи гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДОИШ) тағйир карда ва даргириҳои миёни шибҳинизомиёни гурӯҳҳои мухталифи ифротӣ дар Афғонистон дар ҳоли афзоиш аст.
Ба ин тартиб 21 январи соли ҷорӣ дар яке аз ҷаласоти Толибон дар минтақаи Дашти Арчӣ як фарди интиҳорӣ худро мунфаҷир кард, ки дар натиҷа 4 низомӣ кушта ва Мулло Абдусалом Охунд волии Қундуз захмин шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин фарди интиҳорӣ мутааллиқ ба созмони Давлати Исломӣ буда аз устони Нангархор, пойгоҳи аслии ин созмон вориди шаҳристони Очин шудааст
Агарчӣ Кобул нисбат ба даргириҳои дохилӣ миёни гурӯҳҳои ифротӣ хушбин аст ва ба нафъи худ медонад, аммо умед бастан ба ин ки шибҳинизомиёни гурӯҳҳои терористӣ дар хусумати мутақобил фурӯ рафта ва дар ҳоли аз даст додани потенсиали ҳуҷумии худ ҳастанд барвақт аст. Зеро дар солҳои охир метавон ба даҳҳо иттиҳод ва аз ҳам пошӣ байни гурӯҳҳои мухталиф, аз ҷумла ба Толибон ва ДОИШ ишора кард аммо ҳатто дар чунин ҳолате ҳам нерӯҳои зирабти Афғонистон қодир ба муборизаи муассир бо ифротгароён набуданд, ки албатта вуҷуди пойгоҳи қавии шибҳинизомиён дар шимоли Афғонистон ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунад.
Бесуботӣ дар Афғонистон ба вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон таъсир мекунад. Ин аст, ки ба иддаои вазири умури дохилаи тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар соли гузашта беш аз чорсад нафар ба иттиҳоми тероризм ва ифротгароӣ боздошт шуданд, ки кисме аз онон баъд аз ширкат дар даргириҳои Ховари Миёна ва Афғонистон ба Тоҷикистон баргаштаанд. Аз ин фурсат истифода бурда Вазири дохила Рамазон Рахимзода иддао кардааст, ки беш аз 50 нафарро барои ҳамлаҳои террористӣ дастгир кардаанду ҳудуди 35 ҳамларо ҳам пешгирӣ кардаанд. Дар ҳоле, ки бузургтарин кишварҳои дунё ва ноамнтарин кишварҳо ҳам натавонистаанд ин теъдод ҳамлаҳоро пешгирӣ кунанд.

Замир Кобулов
Илова бар ин Замир Кобулов, фиристодаи махсуси президенти Русия дар умури Афғонистон дар сӯҳбат бо оҷонсии иттилоотии ТАСС низ гуфтааст, ки хатари вуруди ҷангҷӯёни мусаллаҳ аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, хусусан ба Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Кобулов дар сӯҳбат изҳор доштааст, ки феълан Толибон дар иттиҳод бо ҷангҷӯёни дигар дар марз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ду пойгоҳи асосӣ ташкил кардаанд: “Теъдоди умумии ҷангҷӯёни мусаллаҳ ҳудуди 15 ҳазор нафарро ташкил медиҳад”.
Фиристодаи Путин гуфтааст, пеш аз ҳама таҷаммӯи ҷангҷӯёни ДИИШ дар музофоти Бадахшони ҳаммарз бо Тоҷикистон ташвишовар аст.
Барои муқобила бо ҳамлаҳои эҳтимолии шибҳинизомиёни гурӯҳҳои терористӣ аз Афғонистон артиши Тоҷикистон ҳамкориҳои худ бо пойгоҳи низомии 201 Русия, ки мустақар дар Тоҷикистон аст, тақвият мекунад. Аз ҷумла дар авохири моҳи январи соли ҷорӣ тамриноти низомии муштараки артиши Тоҷикистону пойгоҳи низомии 201 Русия анҷом шуд, ки дар он низомиёни ду кишвар чигуна озод кардани як маркази низомиро, ки аз сӯи терористҳо гуё забт шуда буд тамрин карданд. Дар ин тамрин ҳатто ҳавопаймоҳои бесарнишин низ истифода шуданд
Бо такя ба чунин тамринҳо ва ҳамкориҳои низомӣ артиши Тоҷикистон муддаъӣ аст, ки бо вуҷуди хатароти ношӣ аз Афғонистон, марзи Тоҷикистон бо ин кишвар таҳти муҳофизат ва назорати комил қарор дорад, аммо ҷилавгирӣ аз хатари ҳамлаҳои шибҳинизомиён ба хоки Тоҷикистонро касе кафолат надодааст.
Ин худбоварии Тоҷикистон дар ҳолест, ки баъзе аз қувваҳо манфиатдор ва хостори интиқоли бесуботӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон мебошанд.
Тоҷикистон бо Афғонистон марзи бештар аз 1300 километрӣ дорад, ки муҳофизати бисёре аз минтақаҳои он сахту имконнопазир буда харҷи зиёд металабад ва солона дар он даҳҳо кӯшиши убури ғайриқонунӣ ва даргирӣ байни марзбонони тоҷику убуркунандагони марз бо таври қочоқ ба қайд гирифта мешавад.