Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон гуфтааст, равобити Тоҷикистону Эрон тира нест ва уфуқи рушане дорад.
Сафири Эрон дар мусоҳибае бо хабарнигори ҳафтаномаи “Миллат”, дар посух ба суол дар бораи равобити Эрону Тоҷикистон арз кардааст, ки равобити Тоҷикистону Эрон реша дар тасмими сиёсатмадорон ё хостаи дипломатҳо надорад, ки агар кудурате байни онон пеш омад, аз ҳам канда шавад. Ҳеҷ миллате дар ҷаҳон пайдо намешавад, ки ин ҳама муштаракот, меҳру муҳаббати мутақобил заминаҳои иқтисодӣ ва ҷуғрофии матлуб барои ҳамкорӣ дошта бошад.
Ҷаноби Фағонӣ дар идомаи сӯҳбаташ афзудааст, равобити мо реша дар илзомоти куҳани тамаддунӣ, таърихӣ, забонӣ ва манобеъи роҳбурдии ду миллат дар ҳама ҳавзаҳо дорад. Манофеъи мутақобили иқтисодиву амниятӣ ин решаҳоро қувват мебахшад ва ба ин далел аст, ки раҳбарони ду кишвар гармтарин ва самимитарин таъбирҳоро барои равобити ду кишвар баён карданд.
Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ таъкид карда гуфтааст, ман ҳамчунон ояндаро рушан мебинам. Зеро решаҳои ин муносибот дар аъмоқи таърих ҷой гирифта ва аз уқёнуси бузурги мероси арзишманди ниёгон об мехурад.
Вале сафир дар идомаи сӯҳбаташ ба баъзе аз мушкилиҳои муносибати ду кишвар кинояомез ишора ҳам карда гуфтааст, вуҷуди мушкилот амре табиӣ ва тақозои зиндагии башарӣ аст. Муҳим ин аст, ки мушкилот монеъи ҳамкорӣ ва дустӣ набошад ва бо гуфтугӯи самимона ҳалли худро ёбад.
Ин гуфтаҳои оғои Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки чанд вақти охир дар равобити миёни Душанбе ва Теҳрон хатчаи сиёҳе пайдо шуда аст. Сабабҳои асосии коҳиши равобитро дар қазияи пурсарусадои Бобаки Занҷонӣ, беҳбуди робитаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ, маҳдуд шудани кори муассисаҳои эронӣ дар Тоҷикистон, тафтиши пай дар пайи молу колоҳои аз Эрон ба Тоҷикистон воридшуда аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон, мусодира ва нобуд карда шудани молу колоҳои Эронӣ аз бозорҳои Тоҷикистон бо баҳонаи навиштаҷоти бо хатти сирилик надоштан, тахмин задан мумкин аст.
Коршиносони тоҷик мегӯянд Эрон аз коҳиши робитаҳо бо Тоҷикистон чандон нигарон нест. Ҳамкориҳои ин ду кишвар бештар ба манфиати Тоҷикистонанд, ки имкони дарёфти сармояҳо ва ёриҳои иқтисодӣ аз ин кишварро дорад. Аммо сиёсати нодуруст ва муносибати дипломатии ғайриҳирфаии Тоҷикистон аст, ки ин мушкилиҳо пеш омада ва муносибатҳоро тира намудааст.