Хабаргузории Ройтерс дар як гузориши видеоӣ пиромуни сарнавишти ҳазорон зан дар рустоҳои Тоҷикистон қисса кардааст, ки шавҳаронашон барои мардикорӣ ба Русия рафтаву аз ҳоли оилаҳои худ хабар намегиранд ва ин занони танҳомонда дар як шароити осебпазир қарор гирифта, маҷбуранд, ки кӯдакони худро ба танҳоӣ ба воя бирасонанд.
Хабаргузории Ройтерс дар гузоришаш мегӯяд, сели муҳоҷирони корие, ки аз Тоҷикистон ҳар сол ба Русия мераванд, ҳазорон нафар аз ҳамсарони онҳо дар манотиқи рустоии ин кишварро дар рӯбарӯи мушкилоти рӯзгор дучори азоби танҳоӣ кардааст.
Холиса Муродова, яке аз ин занҳост, ки ба Ройтерс гуфтааст, шавҳараш баъди ба Русия рафтан тағйир ёфт ва дигар ба ӯву кӯдаконаш занг ҳам намезанад: «Як бор занг заду кӯдаконашро пурсид, дигар тамом. Мегӯяд, ки Худо худаш калонашон мекунад.”
Ройтерс мегӯяд, аксари занҳое, ки шавҳарони муҳоҷиронашон танҳо гузоштаанд, дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон ба сар мебаранд.
Ин занҳо дар як шароити осебпазир қарор гирифта, маҷбуранд, ки кӯдакони худро ба танҳоӣ ба воя бирасонанд.
Шавҳарони аксари онҳо, бино ба ин гузориш, дар Русия оилаи нав сохтаанд ва дар фикри бозгашту тарбияи кӯдакони дар Тоҷикистон танҳо гузоштаашон нестанд.
Ҳар сол беш аз 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Пуле ки ин муҳоҷирон мефиристанд, як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар ин фақиртарин кишвари пасошӯравӣ дониста мешавад.
Аммо бино ба омори созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳар сол то 12 ҳазор нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия издивоҷ мекунанд. Осонтар кардани шароити кору зиндагӣ дар Русия як далели умдаи издивоҷи муҳоҷирони тоҷик бо шаҳрвандони рус ном бурда мешавад.
Вале як бахши аъзами онҳое, ки дар Русия оилаи нав барпо мекунанд, алакай дар Тоҷикистон оила доранд ва ҳамсару кӯдакони тоҷики онҳо маъмулан бесаробон мемонанд.