Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Муҳаммадсаид Убайдуллоевро ҳабс ё тарки Тоҷикистон таҳдид мекунад?

$
0
0

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 15 феврал бо раҳбарону фаъолони шаҳри Душанбе мулоқот намуда вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва мушкилоти мавҷудаи пойтахт ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳоро баррасӣ намуд.

Дар ин мулоқот аз суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳарчанд аз касе ном намебурд баръало ҳувайдо буд, ки шаҳрдории собиқро интиқод намуда ба вазъи бади иқтисодиву иҷтимоӣ ва мушкилоти мавҷудаи пойтахт муҷрим медонист.

Дар суханрониаш ба такрор аз фаъолияти ҳукумати қаблии пойтахт интиқод намуда ҳатто ба Оҷонсии мубориза бо фасод супориш дод, ки то 1 июл натиҷаҳои санҷиши хароҷоти аз буҷаи давлат ва буҷаи Душанбе барои сохтмонҳо ҷудошударо ба ҳукумат пешниҳод кунад:

У гуфт «Ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия супориш дода мешавад, ки санҷиши хароҷоти маблағҳои аз буҷети мамлакат ҷудошуда, инчунин, маблағҳои аз ҳисоби шаҳри Душанбе барои сохтмони иншоот ҷудошударо таъмин карда, аз натиҷаи он то 1 — уми июли соли 2017 ба Ҳукумати мамлакат маълумот пешниҳод намояд.”

Эмомалӣ Раҳмон сабаби сари вақт ба истифода дода нашудани обу гарму гармидиҳиро низ нотавонӣ ва азуҳданобароии шаҳрдорӣ дониста гуфт: «мо натавонистем, ки аз аввали фасли сармо ба сарфаи нерӯи барқ муваффақ шавем ва зиёдатии онро ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат интиқол диҳем.”

Раисҷумҳур дар идомаи суханронияш аз харобиҳои роҳҳои шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ карда гуфт, на ҳама роҳҳои шаҳри Душанбе ба талаботи шаҳри муосир ва пойтахти мамлакат ҷавобгӯянд,яке аз омилҳои суст ба роҳ монда шудани азнавсозии инфрасохтори коммуникатсионии шаҳри Душанбе бесабаб тӯл кашидани ҷараёни сохтмону таҷдиди роҳҳо, сатҳи пасти касбияти ширкатҳои ғолиби озмунҳо буда, илова бар ин, сифати корҳои анҷомдодашуда ба талаботи замона мутобиқ нест.”

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи мулоқоташ аз вазъи бади нақлиётҳои мусофиркfшон низ сухан гуфт. Аз руи гуфти раисҷумҳур тақрибан 50% троллейбусҳо ва нақлиётҳои дигари мусофиркашони шаҳри Душанбе корношоям буда фақат дар шумор ҳастанду халос.

Эмомалӣ Раҳмон хостори таҳияи барномаи рушди Душанбе барои то соли 2025 шуд ва ҳамчунин хост, ки дар муддати се моҳ тарҳи нави қонун дар бораи пойтахт таҳия шавад. У гуфт, қонуни феълӣ дар бораи мақоми пойтахт 21 сол пеш таҳия шуда ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи шаҳрдорӣ нест.

Пеш аз ин мулоқот ҳамеша дар суханрониҳояш Эмомалӣ Раҳмон аз гул-гулшукуфиҳои шаҳри Душанбе ҳарф мезад ва касоне, ки ба камбудиҳои шаҳр ишора мекарданд ба ношукрӣ муттаҳамашон мекард.

Яку якбора баъди ба тахти шаҳрдорӣ нишастани писари раисҷумҳур Рустами Эмомалӣ ҳама камбудиҳои собиқи шаҳрдорӣ кашф шуданд ва гуфтан мумкин аст, касоне, ки пештар нисбати камбудиҳои шаҳр нигаронӣ мекарданд, беҳуда набудааст.

ubaydulloev- mauda

Муҳаммадсаид Убайдуллоев

Ин мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле аст, ки ҳамагӣ як моҳ пеш шаҳрдории собиқ Муҳаммадсаид Убайдуллоев, яке аз сарсупурдатарин шахсони сиёсати Эмомалӣ Раҳмон аз вазифааш бо фармони раисҷумҳур бо тамоми коммандааш барканор шуда ба ҷои у Рустами Эмомалӣ фарзанди Эмомалӣ Раҳмон ба курсии шаҳрдорӣ нишаст.

 

 

Ҳолдонон мегӯянд, интизор меравад, нигарониҳои раисҷумҳур нисбати фаъолияти шаҳрдории собиқ беҳуда набуда, барои халосӣ аз як шахси пурнуфуз — шаҳрдории собиқро шояд кашидан ба ҷавобгариҳои ҷиноӣ ва ниҳоят ҳабс ва ё тарки Тоҷикистон таҳдид мекунад. Худи ба нақша гирифтани гузориши Юсуф Раҳмон, додситони Тоҷикистон, ки фардо бояд дар Маҷлиси Миллӣ ироа намояд аз он дарак медиҳад. Инро вақт нишон медиҳад.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>