Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Толибон ноҳияи Ҷонихели Пактиёро забт карданд

$
0
0

Дар вилояти Пактиёи Афғонистон, ки дар шарқи ин кишвар ҷой гирифтааст, даргириҳои хунине байни сарбозони амнияти миллӣ ва размандагони Толибон идома дорад ва дар натиҷаи ҷангҳои шадид ноҳияи Ҷонихели ин вилоят ба дасти гурӯҳи Толибон даромдааст.

Нақибхон Аҳмад Атал, волии вилояти Пактиё гуфтааст, ки нерӯҳои ҳукуматӣ аз Ҷонихел ақибнишинӣ кардаанд ва ин мавзеъ пурра таҳти тасарруфи Толибон даромадааст. Вай таъкид намудааст, ки размандагони Толибон дар чанд рӯзи охир болои ин ноҳияи аз нигоҳи стротегӣ муҳим пайдарпай ҳуҷум ташкил намуда, билохира муваффақ гаштаанд, ки аз дасти ҳукумат Ҷонихелро бирабоянд.

Дар ҳамин ҳол оқои Нақиб Аҳмад Атал тасдиқ намудааст, ки ҳини даргириҳо панҷ сарбози ҳукуматӣ кушта шудаанд ва ба миқдори зиёд аслиҳаи онҳоро Толибон ғанимат гирифтаанд. Волии вилояти Пактиё афзудааст, ки ақибнишинии нерӯҳи ҳукуматӣ як “гурези тактикӣ” мебошад ва бо расидани кумакҳои тоза аз Кобул ҳуҷум ба Ҷонихел оғоз меёбад.

Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки дар зудтарин фурсат ноҳияи Ҷонихел аз тасарруи Толибон берун кашида шуда, ба ҳукумати марказии Кобул шомил карда хоҳад шуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>