Дар натиҷаи оташ гирифтани амбори нашриёте дар шимолу шарқи Маскав, пойтахти Руссия 17 нафар корманди он ҷон бохтаанд.
Гуфта мешавад, ин амбор дар кӯчаи Алтуфев, ҳавлии рақами 5 ҷойгир буда, аксари кормандонаш зодагони Ҷумҳурии Қирғизистон будаанд. Иля Денисов, раҳбари идораи ҳолатҳои истирории Маскав гуфтаст, ки сабаби сӯхтор муайян шудааст ва он аз чароғи корношоями амбор сар задааст, ки дар ин ҷой рангу равғанҳои гуногун ва дигар ашёи барои нашр зарурӣ нигаҳдорӣ мешудаанд. Вай таъкид кардааст, ҳангоми сӯхторнишонӣ як хонае ошкор гардидааст, ки роҳашро оташи тез пӯшонда буд.
Ходимони сухторнишон пас аз роҳкушоӣ ба он хона шоҳиди як манзараи мудҳиш гаштанд. 16 нафар духтари аз 16 то 24 сола, ки ҳама зодагони Қирғизистон будаанд, аз дуди ғализ нафаспеч ва заҳролуд гашта, ҷон бохтаанд. Як шаҳрванди дигари ин кишвар дар роҳ ба беморхона аз олам гузаштааст. Бо ҳамин шумори қурбониёни ин сӯхтор дар амбори нашриёт ба 17 нафар расидааст. Гуфта мешавад, ки мақомоти интизомӣ дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ кушода, тафтишро оғоз кардаанд.