Мулоқоти навбатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни эҷодкори кишвар бино ба маълумотҳо аз расонаҳои маҳаллӣ рӯзи якшанбе, 19 март дар маҷмааи «Кохи Наврӯз»-и пойтахт баргузор мешавад.
Ин мулоқоти президент ҳамасола дар арафаи иди Наврӯз бо иштироки зиёда аз 400 нафар зиёиён ба хотири баррасии масоили муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа ва пешниҳодҳои нав оид ба беҳбуди вазъ дар бахшҳои илму маориф ва адабиёту фарҳанг баргузор мешавад.
Аммо дар ҳама мулоқотҳои дар солҳои пешин шуда гузашта, баъди суханронии президент, олимону зиёиён асосан ба мадҳу ситоиши президент пардохта аз пешниҳодҳои ояндасоз худдорӣ мекунанд.
Аз камбудиҳо ва пешниҳоди чигуна бартараф намудани мушкилиҳои ҷомеа ҳатто ҳарфе гуфта намешавад. Гуфтан мумкин ин вохурӣ як вохурии рамзӣ буда танҳо бо шунидани суханони президент ва мадҳу ситоиши ғайрирузномавӣ ба итмом мерасад.
Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ба мулоқоти имсола бо президент беш аз 200 нафар намояндагони иттиҳодияҳои эҷодӣ ва олимон даъват шудааанд, ки ин теъдод нисбат ба солҳои гузашта як баробар кам аст.