Хитобе ба динситезон
Ба гуфтаи Карл Маркс дин монанди як афюн амал мекунад. Ба тавре ки мардумро ба охират умедвор мекунад ва онҳо дигар ба зиндагии ин дунёии худ аҳамият намедиҳанд ва дар натиҷа дар муқобили зулми табақоти болоӣ мунфаил (асарпазируфта) амал мекунанд. Ин падидаро гоҳо дар миёни эътиқодоти мардуми худамон мебинем. Зарбулмасалҳое ҳамчун «қисмат ҳамин будааст» ва аз ин даста намоёнгари назароти ҷомеа аст. Аммо оё воқеан чунин аст? Магар ҳамин дин набуд, ки қавми Банӣ Исроилро аз сайтараи зулми Фиръавн берун овард ва ҳуввияти наву қавитар аз пеш ба онон дод, ки тавонистанд бо ин ҳуввияти тоза зиндагӣ кунанд (Вале худашон он ҳуввияти ростинро ба матои дунёӣ фурӯхтанд). Магар ҳамин дин арабҳои бодиянишинро муттаҳид накард ва ба василаи Ислом ба онон дар муқобили қавмҳои барӯманди замон бартарӣ ва ҳуввият набахшид?! Оё дин аз фард мехоҳад дар баробари зулми табақаи болоии ҷамъият хомӯш бинишинад ва зери фармони онҳо амал кунад, ё ин амал аз тарси худи фард сарчашма мегирад?
Дин ба худии худ на таҳрикдиҳанда асту на (мухаддир) афюн, балки бардошт ва фаҳме, ки аз дин ва масоили гуногуни он мешавад, метавонад ба унвони муассир дар сатҳи равони инсон ва ҷамъияти атрофи ў таъсир бигузорад. Агар аз ин зовия ба мавзўъ нигоҳ кунем, метавон гуфт, дар бисёр мавридҳо дин ба унвони пешрав матраҳ буда аст. Ва дар мавридҳои ҳамонанди афюн ва ҳатто бисёр кушандатар аз он ҳам амал карда ва чунон бардоштҳои нодурусте аз он сурат гирифтааст, ки боиси фалаҷ шудани умумӣ гаштааст. Аммо суол ин ҷост, ки ба ростӣ чӣ гуна дине ё ба иборати дурусттар чӣ гуна фаҳмише аз дин метавонад инчунин амалкарди нобаҷое дошта бошад? Бардоштҳо ва фаҳмишҳои тангназарона ва муғризона аз дин афюн ва мунфаилкунандаи мардум аст.
Дине, ки бо воқеият сару кор дошта ва иртиҷоӣ набошад ва инсонҳоро ба тарафи пешрафт ва тарққӣ равона созад ва аз ҳар тараф пеши тараққиёт ва пешрафти рӯзафзуни башариро нагирад ва барои башар хидмат кунад, бисёр зебо ва дилписанд аст. Худованд ҳеҷ гоҳ монеи тафаккур ва андешидани инсон, ки ташнаи огоҳӣ аст, намешавад, балки ҳокимони бадтинат ва қудратталабанд, ки мехоҳанд инсон ноогоҳ бимонад, то битавонанд ба осонӣ бар гардани миллат савор шаванд.
Дин метавонад ҳам омили ҳаракат бошад ва ҳам монеи ҳаракат. Он дине, ки ҷунбиш ва ҳаракати лозимаро аз фард гирифта ва ўро ба инсони бехосият ва мунфаил табдил кунад, ки дар баробари ҳар вокунише он қадар бетафовут бошад ва ҳеч гуна аксуламале аз худ нишон надиҳад, дине, ки масъалаҳои хурофотӣ ва авҳомро дар зерсохтҳои равонии фард ҷой медиҳад, мутмаинан афюнвор амал мекунад. Дине, ки ба ҷои он ки ба инсон иззат бахшад ва ба ў (Ҳусайнвор (рзҳ)) дарси озодагӣ ва бузургворӣ бидаҳад, ўро ба таслими бе қайду шарт дар баробари фармонҳои динӣ фаро хонад ва ба ҷои он, ки аз озодиву озодагӣ ва қиёми пайғамбарон бар зидди нобаробариҳо сухан гўяд, аз навъи либос пӯшидан ва ғизо хӯрдану хобидани паёмбарон ҳадисҳо ва ривоёт бисозад ва он қадар ба зоҳиру сурати афрод аҳаммият диҳад, ки сиратро ба ниҳонхонаи фаромӯшӣ биспорад, албатта, ин дин нест, афюн аст, ки зарбаҳои марговаре бар равони одамӣ ворид месозад. Дине, ки кораш шиносоии рози гули сурх набошад ва танҳо дар афсуни гули сурх шиновар бошад, дине, ки ба ҷои он ки шахсиятҳои диндорро тарбият кунад, ки дар тамоми саҳнаҳои иҷтимоӣ ҳузури фаъол дошта бошанд ва масъалаҳои ақидатии хешро ба масоили иҷтимоӣ оштӣ диҳанд, бихоҳад суфиёни хилватнишин бипарваронад, ки дар баробари анвои беадолатиҳо ва нобаробариҳои инсонию иҷтимоӣ сокиту хомӯш бошанд, дин нест. Чаро, ки зоти дин бо эътироз омехта шудааст ва қиёми тамоми пайғамбарон бо эътироз ба улгуҳои нодуруст шаклгирифта ва бо эътироз поён ёфтааст. Дине, ки байни масоили дунявӣ ва масоили ухравии инсонӣ баробарӣ барқарор насозад ва барои ободонии дунёи инсонҳо ва растагории ухравии онҳо барнома надошта бошад, дин нест. Ҳар коре, ки дар дунё агар дар масири худоӣ бошад, дунё нест, балки он охират аст.
«Дар он чи, ки Худо ба ту додааст, сарои охиратро биталаб, дар айни ҳол баҳраатро аз дунё аз неъмати ҳалол ҳам фаромӯш накун ва ҳамон гуна, ки Худо ба ту некӣ кардааст, некӣ кун» (Қасас, 77).
Дуруст аст, ки ба номи дин беадолатиҳо шудаву хунҳо ба ноҳақ рехта шудааст ва ҳақҳо поймол гардидааст, вале таърих нишон медиҳад, ки дин аз чандин роҳ ба тараққӣ ва густариши фарҳанг ва тамаддуни башар хидмат кардааст ва аз рўи дин қонунҳои башарӣ сохта шудааст. Дастовардҳои башарӣ, ки тавонистаанд дар сайри такомули ҳаёт нақше дошта бошанд, ҳамагӣ ба гунае аз таълимоти диние, ки албатта, ақлӣ аст, таъсир пазируфтаанд. Бинобар ин, қарор додани ёфтаҳои ақлӣ дар муқобили додаҳои динӣ ва ваҳёнӣ иштибоҳи бузург аст, агарчи ин ҳарду аз ҳам мутаассиранд. Қарор додани ин ду дар муқобили ҳам боис мешавад, ки ҳеч як дигареро мавриди озмун қарор надода ва додаҳои носозгор шиносоӣ нагардад.
Ба ҳамин хотир, Пайғамбар (с) мефармояд: «Шумо дар корҳои дунёиятон аз ман огоҳтаред». Нашри ҳуқуқи башар ва низоми демократӣ дар дунёи муосир, ки баъзе онро қонун ва дастоварди бузурги башарӣ медонанд, натиҷаи он ҳама ҳидоятҳоест, ки аз сўи Парвардигори олам барои шукӯфо кардани ақлу хиради башар омадааст ва бояд онро дар бисёр ҷиҳатҳо фарзанди машрўъи таълимоти илоҳӣ донист.
Некукорӣ ва дастгирӣ аз бечорагон, ростиву дурустӣ, ҳаром донистани дурўғ, ҳаром донистани зино, манъи дуздиву ришвагирӣ, вафои ба аҳд, покизагиву таҳорат, ибодату истионат, наозурдани ҳайвоноти беозор, эҳтироми волидайн, он чӣ ба худ написандӣ ба дигарон раво надоштан, миёнаравӣ ва эътидол, муҳаббат ба якдигар ва хидмат ба халқ, тақво ва парҳезгорӣ, накуштани шахси бегуноҳ, обод кардани ҷаҳон, хайрот барои мурдагон ва ёди онон, эътиқод ба подош ва кайфари пас аз марг ва касби маош аз роҳи ҳалол, ин ҳама усуле аст, ки дар тамоми фарҳангҳои ҷаҳонӣ дар тӯли таърихи башар ба онҳо тавсия шудааст. Оё дин ғайри ин мегўяд ва ғайри инро мехоҳад? Оё ин дастурот ҷуз барои хидмат ба инсон ва инсоният метавонад бошад? Чаро тамоми мактабҳо саодат ва хушбахтиро ҳамвора дар гарави илтизом ба ин арзишҳои ахлоқӣ донистаанд? Оё дастмояи тафаккури мутафаккирон ва доноёну оқилони таърихи башарият беш ва ё ғайр аз инҳо будааст? Оё ин дастуроти динӣ мутааллиқ ба даврае ё муҳите ё насле ё фарде хос мебошад? Ё бар ӯҳдаи тамоми таърихи ҷомеаи башарист? Оё ин дастуроти инсонсоз нишондиҳандаи ин нест, ки дин барономаи абадӣ ва мутааллиқ ба инсоният аст ва ҳадафи он иборат аст аз барқарор намудани ташкилоти як зиндагии обод, озод ва дархўри мақоми инсон ва мавриди писанди Худои таоло? Ин қонунҳои инсонсоз дар тӯли таърихи башарият ва по ба пои наслҳо зинда ва побарҷо мондааст. Оё ин мондагорӣ гувоҳ бар ҳақиқати он нест?
Пас шумо масъулони ҳукумати беҳикмати имрӯз ҳам огоҳ бошед, ки дин боз ҳам мемонад. Арзишҳои исломӣ дар воқеъ ҳамон арзишҳое ҳастанд, ки ҳадафашон саодати башар аст. Ҷанги шумо бо ин дин ва бо ин арзишҳо оғози нобудии худи шумост. Шумо ин миллатро фоҳиша, террорист, героинфуруш, бадахлоқ, ҷинояткору ғайра муаррифӣ кардед. Ҳоло мехоҳед динашонро ҳам бадном кунед?
Фаромӯш накунед, ки ин дин соҳиб дорад. Соҳиби ин дин метавонад онро муҳофизат кунад. Дар тули таърих ин динро аз ҷоҳилону золимони қавитар аз шумо ҳам ҳимоят кардааст. Пас мутмаин бошед, ки онро дар муқобили шумо ҳам ҳифз хоҳад кард.