Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Дурӯғи навбатии ВКД: Таксирони қасди худкушикарда гирифтори бемории руҳӣ будааст (навшуда)

$
0
0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон далели худкушӣ назди бинои мақомоти шаҳрдории пойтахтро тасдиқ аммо сабаби худкушӣ бинобар ҳабси мошини таксирони “таксии 3 сомони”-ро такзиб намуданд.

Дафтари матбуотии ВКД Тоҷикистон тавасстуи як раддияе дар ин бора эълом кардааст, санаи 11.04.2017 соати 16-30 дақиқа, Шарипов Ҳикматулло Неъматович, соли таваллудаш 29.03.1980, ҳангоми гузаштан аз назди бинои Ҳокимияти иҷроияи ш.Душанбе қисми пеши гарданашро бурида, ба беморхонаи марказии шаҳраки тиббӣ бистарӣ гаштааст.

Дар натиҷа маълум гардид, ки аз соли 2014 бо се фарзанд бинобар муноқишаҳои доимӣ аз ҳамсараш Муминова Шаҳноза ҷудо шуда, бо сохторҳои давлатӣ мунтазам муроҷиат кардааст. Дар ин давом Шарипов Ҳ. дар натиҷаи муноқишаҳо бо модарарусаш Улматова Эътибор хонаи ӯро оташ зада, бо моддаи 255 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Бинобар дар ҳолати руҳии носолим қарор доштанаш кӯшиши ба худкушӣ даст задан намуд, ҳоло бошад дар беморхона дар ҳолати муътадил қарор дорад.  Ҳодисаи рухдода аз рӯи ахбороти паҳншуда ба ронандаи таксӣ ягон алоқамандӣ надорад.

Ёдовар мешавем, санаи 13.04.2017 Паём.нет бо такя ба манобеи худ хабар дода буд, ки як ронандаи “таксии сесомона” баъди ҳабси мошинаш ва бо дуруштӣ ронда шуданаш аз идораи шаҳрдорӣ, дар назди он гулӯи худро бурида, эҳтимол дорад ҷон додааст.

Баъди расонаӣ шудани ин хабар тавассути сайти Паём.нет аксари расонаҳо ин ҳодисаро пайгирӣ карданд, вале он замон Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯй додани як чунин ҳодиса изҳори бехабарӣ карда буд.

Бино ба нақли як корманди шаҳрдорӣ, ин мард баъди ҳабси мошинаш барои шикоят ба назди яке аз муовинони Рустами Эмомалӣ меравад, вале ҷонишини раиси шаҳр ӯро бо тундӣ аз утоқаш меронад. Ронандаи таксӣ  ба хонааш рафта бо корд бармегардад ва дар назди идораи шаҳрдорӣ гулӯи худро бурида, ҳамонҷо аз ҳуш меравад. Ҳамин корманди шаҳрдорӣ ба хабарнигори “Паём” гуфта буд, “дар камтарин сонияҳо қисмате аз саҳни бинои шаҳрдорӣ аз хуни ин мард, ки аз гулӯяш метаровид, сурх шуд, маҳз барои шустани хуни ин мард мошини обкашон оварданд”. Ин манбаъ гуфта буд,  баъди чанд дақиқа кормандони КДАМ бо роҳбарии худи раиси он Саймӯъмин Ятимов омада тамоми дарҳоро бастанд ва Рустами Эмомалиро аз онҷо берун бурданд.

Охирин сухани он ронанда ин будааст, ки «мисли ман онҳое кам нестанд, ки рӯзи худро бо таксиҳои сесомона мегузаронанд».

Маврид ба зикр аст, ки то ба ҳол ҳарчанд ҳолати саломатии ин мардро ВКД дар раддияи худ  муътадил унвон кардааст, аммо  касе ба назди ӯ роҳ наёфтааст ва ягон ҳарфе аз ӯ ва пайвандонаш баъди ин ҳодиса расонаӣ нашудааст. Бинобар раддияи ВКД ҳамоно зери суол боқӣ мемонад.
То ҳол ҳатто падари  Ҳикматуллоҳро ба назди фарзандаш роҳ надодаанд то аз ҳоли фарзандаш хабардор шавад. Баръакс, бино ба маълумотҳои ба мо расида, ҳатто ба тамоми хешу табораш огоҳии қатъӣ дода шудааст, ки “дар сурати бори дигар расонаӣ шудани хабаре аз ин қазия тамоми онҳоро зиндон интизор аст.”


Бояд таъкид намуд, ки ВКД бо ин дуруғҳои беасосу бемавридаш ба ҷои таъсири мусбат дар фазои иттилоотии Ҷумҳурӣ, баръакс дар ҷомеъа як ҳолати вокеъан барои миллату давлат хатарнокеро эчод кардааст, ки касе иттилооти ВКД-ро иттилооти дақиқ намешуморад. Агарчанде ин Вазорат бо қудрат ва имконоте, ки дорад, бояд яке аз муътамадтарин манбаъи иттилоотӣ дар ҷомеъаи имрӯзи мо бошад. Баръакс ҳар мушкилотеро, ки вазорат ду ё зиеда аз ин пайгирӣ кард ҳатман ин мушкилот пурпечидатар мешавад ва дар ҷомеъа овозаҳои навро паҳн мекунад, ки ин метавонад боиси нофаҳмӣ ва ноамнӣ дар ҷомеъа гардад.

Мо ба кормандони бахши Иттилоот ва ахбори ВКД гуфтанием, ки пеш аз он, ки мо ё ягон расонаи дигар як иттилооти муҳими рӯзро нашр мекунем, шумо худатон онро нашр кунед, то ҳам ҷомеъа ахборро аз манбаъи ба гуфти худатон «аслӣ» гирифта бошад ва ҳам баъд аз нашри ахбор дар дигар расонаҳо ба шумо лозим намеояд, ки барои чунин дуруғҳои беасос ва бемаънӣ майна об кунед ва ё раддияи аҷоибу ғароиб нависед.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>