Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Муҳиддин Кабирӣ: Бояд байни »хомӯшӣ»ва »беамалӣ»фарқ гузошт

$
0
0

Чанде пеш дуктур Маҳмудҷони Файзраҳмон, сухангӯи Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукиаш  эълон карда буд, ки раҳбари ҲНИТ омода аст ба саволҳои матраҳмешуда посух бигӯяд. Хоҳишмандон метавонанд, саволҳои худро дар саҳифаи фейсбукии Маҳмудҷони Файзраҳмон зери эълон бикоранд.

То ба имрӯз хеле саволҳои зиёд дода шуда буд, ки имрӯз зери саволҳо ҷавобҳои раҳбари ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ пайдо шуданд.

Як истифодабари шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз Муҳиддин Кабирӣ пурсидааст, ки  “Шумо пештар мардумро ба сабр мехондед ва охир оқибаташро ҳам дидед. Акнун иқрор мекунед, ки сабри шумо хато будааст? Шумо бо кадом тарз акнун ҳаракат мекунед ва чаро хомӯш ҳастед ?”  роҳбари ҲНИТ чунин посух гуфтааст:

Бале, бародари гиромӣ, пештар ҳам мардумро ба сабр мехондам ва имрӯз ҳам. Пештар бояд сабр мекардем, то ба ҳаргуна фитна ва провокацияи дигарон омода карда дода нашавем. Бо вуҷуди сабри мо мақомот мусибатҳои зиёдеро болои мардум, ба хусус, аъзои ҳизби мо оварданд, ҳадди ақал баҳонае барои куштор, саркӯбгарӣ ва ҷиноятҳои сахттари ба нақшагирифтаашон дода нашуд. Аз ҳама муҳимаш, то ҳол натавонистанд ба ҷомеаи байналмилалӣ туҳмати худро дар бораи ифротгаро будани мусалмонҳои Тоҷикистон исбот кунанд.

Имрӯз ҳам миллатро ба сабр мехонем, аммо сабр дар муқовимат то лаҳзаи пирӯзӣ. Оне, ки дар рӯзҳои душвор сабр кард, иншоаллоҳ дар мубориза ҳам сабр хоҳад дошт. Оне, ки дар рӯзҳои сабри мо дар фейсбук »инқилоб» кардан мехост ва ҳоло ҳам моро ба сабри зиёд муттаҳам мекунад, шояд рӯзи муқовимат ҳам аз паси компютер барнахезад. Ҳечкас бе хато нест, ҷуз Парвардигор.

 

Бешак, мо ҳам иштибоҳҳое доштем ва шояд дар оянда ҳам дошта бошем. Аммо, бародароне, ки роҳу равиши моро иштибоҳ медонанд, беҳтараш аз худ намунаи муваффақтареро нишон диҳанд, то миллат эътимод пайдо кунад ва ҳамагон миллатро аз ин хорӣ бираҳонем. Аммо, бо паст задан ва кинояҳои такрорӣ нисбати бародарон ва ҳамсангарони худ наметавон мушкилоти миллатро ҳал кард.

Баъзе дӯстон даъво доранд, ки ин корро ба хотири ислоҳ ва парҳез аз иштибоҳоти қаблӣ мекунанд. Дар сурате, ки интиқоди холисона ба хотири ислоҳ, суннат ва роҳу равиши худро дорад.

Умедворам бародарони мухлис минбаъд равиши саҳеҳи интиқоди бародарони худро риоят хоҳанд кард. Аммо, дар масъалаи »хомӯш» будан пештар ҳам дар як баёния гуфта будем, ки чаро як муддат иттилооте аз рафти кор дода нашуд.

Бояд байни »хомӯшӣ» ва »беамалӣ» фарқ гузошт. На ҳама вақт гуфтан маънои амалро дорад ва на ҳама вақт хомӯшӣ маънои беамалиро. Ман шахсан тарҷеҳ медиҳам, ки бештар амал кунам, аз он, ки зиёд бигӯям. Агарчӣ, дар сиёсати оммавӣ паёмрасонии пайваста ба мардум нақши муҳим мебозад. Бидуни доштани заминаи воқеъӣ ва натиҷа, зиёд ҳарф задан ва шиор партофтан ҷуз фиреби мардум ва худ чизи дигаре нест.

Дар оянда бояд талош кард, ки байни амал ва сухан тавозун вуҷуд дошта бошад. Бо кӯмаки Худованд ва дуъои Шумо.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>